Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Ҳамос” пешниҳоди оташбаси Исроилро напазируфтааст


Гурӯҳи фаластинии “Ҳамос” пешниҳоди Исроилро дар бораи оташбаси якҳафтаина дар навори Ғазза рад кард.

Дар ин бора нашрияи The Wall Street Journal бо такя ба мансабдорони мисрӣ хабар дод. Миср дар борабари Қатар яке аз миёнарави гуфтугӯҳо байни Исроил ва “Ҳамос” аст.

Рӯзи чаҳоршанбе Исмоил Ҳания, яке аз роҳбарони ҲАМОС дар шаҳри Қоҳираи Миср дар бораи оташбаси башардӯстона дар навори Ғазза бо мақомоти мисрӣ гуфтугӯ кард. Манобеи нашрияи The Wall Street Journal мегӯянд, ин мулоқот бе натиҷа будааст.

Ҳамсуҳбатони нашрия гуфтаанд, Исроил пешниҳод дорад, ки дар ивази озодии 40 гаравгон аз асорати “Ҳамос” омода аст, оташбаси якҳафтаина эълом кунад.

Намояндагони “Ҳамос” ба миёнаравони мисрӣ гуфтаанд, ки пеш аз шурӯи гуфтугӯҳо дар бораи созише Исроил бояд ҳамла ба навори Ғаззаро қатъ ва артишашро аз онҷо берун барад.

Ба иттилои The Wall Street Journal, ҷониби Исроил гуфтааст, амалиёти ҷангиро дар навори Ғазза бас нахоҳад кард.

Дар ҷараёни ҳамлаи “Ҳамос” ба Исроил рӯзи 7-уми октябр 1200 исроилӣ кушта, 240 тани дигар асир гирифта шуданд. Вазорати тандурустии Ғазза мегӯяд, дар ҳамлаҳои Исроил дар бештар аз ду моҳи охир 20 ҳазор кас кушта шудаанд.

Пештар “Ҳамос” 105 асирро озод кард ва Исроил низ дар навбати худ 210 фаластиниро аз зиндонҳои худ раҳо сохт.

XS
SM
MD
LG