Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назарбоев барои мулоқот бо Путин ба Маскав рафтааст


Нурсултон Назарбоев
Нурсултон Назарбоев

Президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев барои мулоқот бо президенти Русия Владимир Путин ба шаҳри Маскав рафтааст.

Дар ин бора хабаргузории ТАСС аз қавли сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков хабар дод.

Ба гуфтаи Песков, мулоқот ҷанбаи шахсӣ дошт. "Назарбоев дар ҳақиқат дар Маскав буд ва бо президенти Русия комилан як мулоқоти шахсӣ дошт", - изҳор доштааст Песков.

Сухангӯи Кремл ҷузъиёти мулоқотро ошкор накардааст. Танҳо гуфта, ки Назарбоев охири ҳафтаи гузашта аз Маскав боздид карда буд.

Расонаҳои расмӣ дар бораи сафари Назарбоев ба Русия ва мулоқоти ӯ бо Путин хабар надодаанд.

Расонаи қазоқии "Ulysmedia" иттилоъ дода, ки мулоқоти ғайрирасмии Назарбоев бо Путин 19-уми декабр бо дархости президенти пешини Қазоқистон сурат гирифтааст.

Нурсултон Назарбоев, ки тақрибан 30 сол Қазоқистонро бо “мушти оҳанин” идора мекард, соли 2019 аз мақомаш истеъфо дод ва Қосимҷомарт Тоқаевро вориси худ эълон кард. Бо вуҷуди рафтан аз мақом, ба ҳайси дабири Шӯрои амнияти миллӣ, як ниҳоди қудратманди кишвар, Назарбоев салоҳиятҳои васеъ ва унвони “элбасӣ” ва ё пешвои миллатро дошт.

Қосимҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳури феълӣ, мақоми дабири Шӯрои амнияти миллиро аз дасти Назарбоев гирифт. Баъзе аз хешовандону шарикони ӯро аз мақомҳояшон барканор кард. Чанде ҳам бо гуноҳи ришвахорӣ боздошт ва зиндонӣ шуданд.

XS
SM
MD
LG