Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

OCCRP: Як марказро ба Бердимуҳаммадовҳо арзон фурӯхтаанд


Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов
Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов

Маркази тиббии эстетикӣ, ки дар шаҳри Ишқободи Туркманистон сохта шуда буд, бо нархи арзон ба як ширкати вобаста ба хонаводаи Бердимуҳаммадовҳо фурӯхта шудааст.

Дар ин бора дар гузориши муштараки Маркази таҳқиқоти фасоду ҷиноятҳои муташаккилона (OCCRP), "Turkmen.news" ва "Gundogar" гуфта шудааст.

Бар асоси таҳқиқот, ҳукумати Туркманистон ин марказро бо харҷи 51 миллион доллар сохта, маросими ифтитоҳи он моҳи октябри соли 2020 баргузор шуд.

Президенти вақти Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов ду рӯз пеш аз ифтитоҳи марказ фармонеро имзо кард, ки хусусигардонии онро бе баргузории озмун иҷозат медиҳад.

Дар натиҷа ин ширкатро "Маркази байнулмилалии тиббӣ ва эстетикии Ишқобод" (AIATC) ба 44,5 миллион доллар харид, ки аз арзиши сохташудааш 6,5 миллион доллар камтар аст. "Маркази байнулмилалии тиббӣ ва эстетикии Ишқобод"-ро Бердимуҳаммадовҳо марбут медонанд.

XS
SM
MD
LG