Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пулиси Тошканд гуфт, ба зидди Ғафур Раҳимов парванда боз нашудааст


Ғафур Раҳимов
Ғафур Раҳимов

Муовини сардори пулиси шаҳри Тошканди Узбекистон Дониёр Ташхоҷаев 12-уми декабр дар як нишасти хабарӣ гуфт, ба зидди соҳибкор Ғафур Раҳимов парванда боз нашудааст ва ӯ таҳти пайгарди қонунӣ ҳам қарор надорад.

Қаблан корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Узбекистон хабар доданд, ки дар доираи маъракаи махсуси "40 рӯзи зарбдор" дар баробари як қатор соҳибнуфузони олами ҷиноӣ дар Узбекистон алайҳи Ғафур Раҳимов ҳам парвандаи ҷиноӣ боз гаштааст.

Дертар, 6-уми декабр, видеое дар Интернет нашр шуд, ки нишон медиҳзад Раҳимов ҳамроҳи чанд нафар дар бозори "Чорсу"-и шаҳри Тошканд гаштугузор мекунад. Замони сабти навор маълум нест.

Қаблан пулиси Узбекистон аз боздошти як қатор соҳибнуфузони олами ҷиноӣ дар он кишвар, аз ҷумла Бузрук Бузрукови 38-сола, Салим Абдувалиеви 73-сола, маъруф ба "Салимбойбача", Саидазиз Сайдалиев ва Бахтиёр Қудратуллоев, маъруф ба "Бахти Тошкандӣ" хабар дода буданд.

Додситонии кулли Узбекистон моҳи июли соли 2018 Ғафур Раҳимовро аз рӯйхати шахсони зери пайгард берун карда буд.

Моҳи ноябри соли 2018 вай роҳбари Эътилофи бокси ҷаҳонӣ шуд. То замони интихоб шудан Ғафур Раҳимовро мақомоти ИМА таҳрим карданд. Ғафур Раҳимов он замон гуфта буд, ки айбҳои эъломшуда "сохтакорӣ ва дорои ангезаи сиёсӣ ҳастанд".

Ғафур Раҳимов то кунун дар рӯйхати таҳримҳои Амрико мондааст.

XS
SM
MD
LG