Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба “Истиқлол” Ҷоми қаҳрамонӣ ва медалҳои тилло супурда шуд


Акс аз сайти бошгоҳи "Истиқлол"
Акс аз сайти бошгоҳи "Истиқлол"

Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар бозии мавқуфмондаи даври дуюми марҳилаи сеюми қаҳрамонии футболи Тоҷикистон тими «Равшан»-и Кӯлобро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод.

Бозии марҳилаи сеюми мусобиқоти лигаи олӣ дар гурӯҳи “А” миёни дастаҳои «Истиқлол» ва «Равшан» имрӯз, 9-уми декабр, дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд.

Голҳоро дар нимаи аввали дидор Сенин Себай, легионери 29-солаи африқоии “Истиқлол” аз Кот-д'Ивуар ва Шервонӣ Мабатшоев ба самар расониданд.

Аммо натиҷаи ин бозӣ мавқеи дастаҳоро дар ҷадвали мусобиқоти гурӯҳи “А” тағйир надод.

“Истиқлол”, ки пешакӣ дар мусобиқоти каҳрамонии Тоҷикистон ғолиб шуда буд, пас аз анҷоми бозӣ муқобили “Равшан” бо медалҳои тилло сарфароз гашт.

Ҷоми қаҳрамонӣ ба сарвони дастаи “Истиқлол” Манучеҳр Ҷалилов супурда шуд. Дарвоқеъ, ин нишонзани беҳтарини даста бо сабаби беморӣ натавонист дар чандин бозиҳои имсолаи “Истиқлол” иштирок намояд. Дар айни ҳол Ҷалилови 33-сола табобат мегирад.

Зимнан, “Истиқлол” бори дувоздаҳум ва маротибаи даҳум паиҳам ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон даст ёфт.

Дар ҳамин ҳол дар ҷадвали мусобиқоти гурӯҳи «А» дастаи «Истиқдол» бо касби 46 имтиёз пешсафи ягона аст ва боз ду бозӣ (12-уми декабр бо “Эсхата” ва 15-уми декабр бо “Файзканд”) анҷом медиҳад, вале натоиҷи онҳо ба мавқеи қаҳрамон таъсир нахоҳад кард.

"Равшан"-и Кӯлоб, ки бо касби 34 имтиёз дар мақоми дуюм аст, ду бозии дигар мекунад. «Кӯктош», ки бо касби 32 имтиёз дар зинаи сеюм қарор дорад, боз як бозӣ баргузор менамояд.

Ин ду даста, инчунин «Эсхата»-и Хуҷанд, ки бо касби 29 имтиёз дар ҷойгоҳи чаҳорум аст, барои медалҳои нуқраю биринҷӣ талош доранд.

Ба ин тартиб, “Истиқлол” соли оянда Тоҷикистонро дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2 намояндагӣ мекунад.

Ҷоизадори нуқраи қаҳрамонии Тоҷикистон бошад, дар марҳилаи интихобии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2 иштирок хоҳад кард.

Мусобиқот дар гурӯҳи «Б»-и қаҳрамонии Тоҷикистон 2-юми ноябр ба анҷом расида буд.

Ду дастаи машҳур – «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода (қаҳрамони ҳафткаратаи Тоҷикистон) ва "Хатлон"-и Бохтар (пештар «Вахш» ном дошт ва се бор қаҳрамони кишвар шудааст), ки ҷойҳои 9-уму 10-умро гирифтанд, соли оянда дар лигаи якум бозӣ хоҳанд кард.

Мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон-2023

Лигаи олӣ. Марҳилаи сеюм

Гурӯҳи "А"

Бозии мавқуфмондаи даври 2-юм

"Истиқлол" - "Равшан" - 2:0

Голҳо: Сенин Себай, 17 (1:0), Шервонӣ Мабатшоев, 28 (2:0).

"Истиқлол" (Душанбе): Муҳриддин Ҳасанов, Иван Новоселетс (Ҳайдар Сатторов, 90+1), Алиҷон Кароматуллозода, Ҷозеф Окоро, Алиҷони Айнӣ (Паҳлавон Баҳризода, 75), Салоҳиддин Эргашев, Ромиш Ҷалилов, Эҳсони Панҷшанбе (Денис Беганович, 46), Алишер Ҷалилов (Шаҳром Сулаймонов, 75), Шервонӣ Мабатшоев, Сенин Себай (Шуҳрат Шоҳназаров, 90+1).

Беҳтарин бозигари дидор: Алишер Ҷалилов («Истиқлол»).

Корти зард: Алиҷон Кароматуллозода, Ромиш Ҷалилов, Шервонӣ Мабатшоев («Истиқлол»), Самуэл Офори, Эммануэл Мваненго («Равшан»).

Сардовар: Хуршед Дадабоев (Хуҷанд).

9-уми декабр. Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 1200 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи «А»

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

20

14

4

2

48-9

46

2

«Равшан» (Кӯлоб)

20

9

7

4

27-17

34

3

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

21

10

2

9

37-34

32

4

«Эсхата» (Хуҷанд)

19

9

2

8

27-28

29

5

«Файзканд» (Восеъ)

20

6

7

7

28-32

25

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “Б”

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

6

КМВА (Душанбе)

22

5

11

6

16-15

26

7

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

22

5

11

6

6-19

26

8

«Ҳосилот» (Фархор)

22

6

7

9

17-22

25

9

"Регар-ТадАЗ" (Турсунзода)

22

5

9

8

21-30

24

10

"Хатлон" (Бохтар)

22

5

2

15

12-38

17

XS
SM
MD
LG