Ӯ дар як навъи рақобатҳо (дароз кашида бардоштани штанга ё вазна) дар вазни 95 кило бо натиҷаи 200 килограмм мақоми аввалро касб кард ва рекорди инфиродӣ гузошт.
Дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ, ки бори аввал сурат гирифт, 400 варзишгар аз 7 кишвар - Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон ва Эрон - ширкат дошт.
Ин намуди варзиш дар Тоҷикистон аз соли 2002 пас аз таъсиси Федератсияи бодибилдинг ва пауэрлифтинги кишвар ба роҳ монда шудааст.
Федератсия бо ибтикори вазнабардори маъруфи тоҷик, собиқ қаҳрамони ҷаҳон ва Осиё Толеъ Холназаров таъсис ёфтааст, ки ӯ то ҳоло раҳбари ин ташкилоти ҷамъиятӣ мебошад.
Оқои Холназаров дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки дар тули ин солҳо пауэрлифтинг дар Тоҷикистон хеле рушд кардааст.
Вай афзуд, "варзишгарони мо дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ширкат варзида, натиҷаҳои хуб ба даст меоранд. Вазифаи асосии мо дар ҳамин ҳол ҷалби бештари сарпарастон барои дастгирии варзишгароне мебошад, ки дар арсаи ҷаҳон Тоҷикистонро намояндагӣ мекунанд".