Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лигаи қаҳрамонҳои АFC: натоиҷи марҳилаи гурӯҳӣ дар минтақаи Ғарб


Футболбозони дастаи "Ал-Наср"
Футболбозони дастаи "Ал-Наср"

Рӯзҳои 4-5-уми декабр бозиҳои даври шашум ва ниҳоии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC (конфедератсияи футболи Осиё)-2023/24 дар минтақаи Ғарб бо иштироки бошгоҳҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуданд.

Бояд гуфт, ки бори аввал аз соли 2016 дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC якбора чаҳор бошгоҳ аз Узбекистон иштирок кард. Инҳо дастаҳои АГМК (Олмалиқ), «Навбаҳор» (Намангон), «Пахтакор» (Тошканд) ва «Насаф» (Қаршӣ) мебошанд.

Ҳамчунин имсол дар марҳилаи гурӯҳӣ «Истиқлол»-и Тоҷикистон ва «Аҳал»-и Туркманистон ширкат варзиданд. Вале на ба ҳамаи ин дастаҳо муяссар шуд, ки ба плей-оффи мусобиқот бароянд.

Киҳо ба плей-офф роҳ ёфтанд?

Аз рӯи натиҷагирии марҳилаи гурӯҳӣ ба плей-оффи Лигаи қаҳрамонҳои АFC-2023/24 дар минтақаи Ғарб дастаҳои зерин роҳ пайдо карданд: «Ал-Айн» (Имороти Муттаҳидаи Араб), «Насаф» (Узбекистон), «Ал-Иттиҳод» (Арабистони Саудӣ), «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ), «Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ) – ғолибони гурӯҳҳо.

Инчунин «Ал-Файҳ» (Арабистони Саудӣ), «Сипоҳон» (Эрон), «Навбаҳор» (Узбекистон) – беҳтарин дастаҳои ҷойҳои дуюм.

Гурӯҳи А: «Пахтакор» ва «Аҳал» берун аз плей-офф монданд

Барои ба плей-офф роҳ ёфтан аз гурӯҳи «А» то даври охирин қаҳрамони Узбекистон - «Пахтакор» - довталаб буд.

Аммо дар даври охирин шогирдони Максим Шатских дар майдони худ аз дастаи «Ал-Файҳ»-и Арабистони Саудӣ бо ҳисоби бузург 1:4 шикаст хӯрданд ва бо касби 7 имтиёз дар гурӯҳи худ мақоми сеюмро соҳиб шуданд.

Дастаи «Аҳал»-и Туркманистон, ки бозиро дар Дубай ба «Ал-Айн»-и Имороти Муттаҳидаи Араб бо ҳисоби 1:2 бохт, бо чаҳор имтиёз дар зинаи охирин қарор гирифт.

Ҳамин тариқ, аз гурӯҳи «А» дастаҳои «Ал-Айн» (15 имтиёз) ва «Ал-Файҳ» (9 имтиёз) ба плей-офф роҳ пайдо карданд.

Гурӯҳи «В»: «Насаф» ба пеш меравад

Дар гурӯҳи «В» 4-уми декабр ду бозӣ доир гардид. «Насаф»-и Узбекистон бозиро бо «Ал-Садд»-и Қатар бо ҳисоби 2:2 анҷом дод,

«Аь-Файсалӣ»-и Урдун бар «Шарҷа»-и Имороти Муттаҳидаи Араб бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд.

Пас аз натиҷагирии даври шашум «Насаф» бо касби 11 имтиёз аз ҷойгоҳи аввал ба плей-офф баромад.

«Ал-Садд» ва «Шарҷа» 8-имтиёзӣ гирифтанд, аммо аз рӯи нишондодҳои иловагӣ қатариҳо дуюм шуданд. Вале ҳарду даста натавонистанд ба плей-офф роҳ пайдо кунанд.

«Ал-Файсалӣ» бо касби 6 имтиёз дар зинаи охирин қарор гирифт.

Гурӯҳи «С»: Шаш бохти АГМК

Дар гурӯҳи «С» АГМК-и Узбекистон дар ҳамаи шаш бозӣ шикаст хӯрд, ин дафъа аз «Эйр Форс»-и Ироқ бо ҳисоби 2:3 ноком шуд.

Дар бозии дигари ин гурӯҳ «Сипоҳон»-и Эрон аз «Ал-Иттиҳод»-и Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 1:2 мағлуб гашт.

Баъди шаш давр «Ал-Иттиҳод» 15 имтиёз, «Сипоҳон» ва «Эйр Форс» 10-имтиёзӣ гирифтанд. АГМК бидуни имтиёз зинаи охиринро ишғол кард.

Гурӯҳи "D: «Навбаҳор» пирӯз шуд ва ба пеш меравад

Дар гурӯҳи «D” дастаи «Навбаҳор»-и Узбекистон дар меҳмонӣ бошгоҳи «Мумбай Сити»-и Ҳиндустонро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод.

Дар бозии дигари ин гурӯҳ «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудӣ бар тими «Нассоҷи Мозандарон»-и Эрон бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад.

Пас аз даври шашум Ал-Ҳилол» бо касби 16 имтиёз ҳамчун ғолиби гурӯҳ ба плей-офф баромад

Инчунин «Навбаҳор», ки бо касби 13 имтиёз дар гурӯҳ дуюм шуд, ҳамчун беҳтарин дастаи ҷойи дуюми минтақаи Ғарб ба даври баъдӣ роҳ ёфт.

Дастаи «Нассоҷи Мозандарон» 6 имтиёз гирифт. «Мумбай Сити» бидуни имтиёз зинаи охиринро соҳиб шуд.

Гурӯҳи Е: «Истиқлол» ба плей-офф набаромад

Дар гурӯҳи «Е» бошгоҳи «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ бе Криштиану Роналду, ки ба Душанбе наомад, бозиро бо қаҳрамони Тоҷикистон - «Истиқлол» - бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом дод.

«Персеполис»-и Эрон бошад, бозиро дар хона ба «Ал-Дуҳал»-и Қатар бо ҳисоби 1:2 бохт.

«Ал-Наср» бо касби 14 имтиёз ба ҳайси ғолиби гурӯҳ ба плей-оффи Лигаи қаҳрамонҳои AFC роҳ ёфт.

«Персеполис», ки бо касби 8 имтиёз дар ҷойгоҳи дуюм боқӣ монд, аз ҳаққи ширкат дар даври баъдӣ маҳрум гашт.

«Ал-Дуҳайл» бо касби 7 имтиёз сеюм ва «Истиқлол» бо касби 3 имтиёз чаҳорум шуданд. Ин ду даста низ ба плей-офф роҳ наёфт.

Регламент ё дастури Лигаи қаҳрамонҳои AFC

Аз рӯи натиҷаи қуръакашӣ даҳ гурӯҳи иборат аз чордастаӣ ташкил шуд. Даври гурӯҳии мусобиқоти бошгоҳҳои асосии Осиё, ки аз шаш давр иборат аст, 18-уми сентябри имсол оғоз шуда, 13-уми декабр ба анҷом мерасад.

Дастаҳо ҳамагӣ шаш бозӣ (се бозӣ дар майдони худ ва се бозӣ дар меҳмонӣ) хоҳанд кард.

Тибқи дастури мусобиқот аз рӯи натиҷагирии марҳилаи гурӯҳӣ ғолибони панҷ гурӯҳ аз ҳар минтақа, инчунин се даста, ки дар гурӯҳҳои худ бо натиҷаи беҳтарин ҷойҳои дуюмро ишғол мекунанд, ба даври 1/8 финалӣ роҳ меёбанд.

Ғолиби Лигаи қаҳрамонҳои AFC 2023/24 дар Ҷоми ҷаҳонии бошгоҳҳо дар соли 2024 ширкат мекунад ва инчунин ба даври плей-оффи мусобиқоти оянда роҳхат мегирад, агар тавассути қаҳрамонии миллӣ ба ин мусобиқот роҳ наёбад.

XS
SM
MD
LG