Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар сӯхтори як хобгоҳ дар Алмато 13 кас ҷон бохтааст


Дар натиҷаи сӯхтор дар як хобгоҳ дар шаҳри Алматои Қазоқистон 13 кас ҷон бохтааст.

Бахши қазоқии Радиои Озодӣ бо истинод ба пулиси Алмато хабар дод, ки дар миёни ҳалокшудагон ду русиягӣ ва ду узбекистонӣ низ ҳастанд.

Ин хобгоҳ як моҳ пеш дар ошёнаи якум ва таҳхонаи бинои сеошёна ташкил шудааст. Замони сар задани сӯхтор дар он 72 кас қарор дошта, 59 нафар мустақилона биноро тарк кардаанд.

Департаменти ҳолатҳои фавқулодаи Алмато гуфтааст, ки дар ҳоли ҳозир сабабҳои сар задани сӯхтор таҳқиқ мешавад. Дар робита ба ин ҳодиса бо банди "Нақзи қоидаҳои зидди сӯхтор" парванда боз шудааст.

XS
SM
MD
LG