Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши кӯдакони партофташуда дар Қирғизистон баҳси гузоштани Baby Box-ро доғ кард. ВИДЕО


Пешниҳоди гузоштани Бэби - бокс ё қуттиҳои махсус барои атфоле, ки ғайриинтизор ва беникоҳ ба дунё омадаанд, дар ҷомеаи Қирғизистон баҳбсбарангез шуд.

Дар ду ҳафтаи ахир дар ин кишвар 3 навзоди партофташударо пайдо кардаанд. Ду тифлро аз партовгоҳ ва якеро аз хиёбон ёфтанд.

Дар порлумони Қирғизистон пешниҳод доранд, ки бояд бэйби-бокс ё нуқтаҳои махсусе бошанд, ки дар он занон тавонанд, атфоли нохостаи худро гузоранд. Дар Ҳукумат бовар доранд, ки ин роҳи ҳал нест.

Чанде пеш, дар як рӯзи боронӣ дар маҳаллаи Арча-Бешики Бишкек навзодеро бо сару рӯйи ифлос дар як қутии тар пайдо карданд. Ба нақли пулис, тифл аз сардӣ кабуд шуда, аммо зинда буд. Толқунбек Тошматов, корманди милиса, баъди супурдани тифл ба табибон гуфт, навзодро сари вақт ба таваллудхона оварданд.

Як рӯз пеш аз ин ҳодиса, роҳгузарон дар ноҳияи Ҷалолободи Қирғизистон аз назди партовгоҳе як духтарчаи навзодро пайдо карданд. Навзодро, ки модараш як духтари 18 сола будааст, ба беморхона интиқол доданд ва табибон гуфтанд, ҳоло вазъаш муътадил аст.

"Оё ҷони одам чӣ қадар арзиш дорад?"

Вазорати тандурустии Қирғизистон вазъи як навзоди дигареро ҳам, ки рӯзи 8- уми ноябр аз назди партовгоҳе пайдо шуд, хуб арзёбӣ кардааст. Бо кӯмаки роҳгузарон ин тифл ҳам зинда монд. Пулис ҳуввияти модари 21 солаи навзодро муайян кардаст ва ба ӯ ду соли зиндон таҳдид мекунад.

Дар Қирғизистон чанд навзодро аз партовгоҳ ёфтанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:26 0:00

Ин ҳодисаҳо дар ҷомеаи Қирғизистон сару садои зиёде ба по кардааст. Парлумони ин кишвар бори дигар аз ҳукумат талаб кард, ки дар кӯчаҳо ба истилоҳ бэйби-бокс ё қуттиву ҷойе барои нигаҳдории кӯдакон ташкил кунад.

Элвира Сурабалдиева, вакили порлумони Қирғизистон, гуфт: “Ман ҳанӯз дар даъвати гузашта пешниҳод карда будам, ки дар зоишгоҳҳо бэйби-бокс гузошта шавад. Вале он вақт Ҳукумат посух дод, ки ин барои институти оиладорӣ мутобиқ нест ва барои чунин қуттиҳо маблағи зиёд лозим аст. Ҳоло як суол – оё ҷони одам чӣ қадар арзиш дорад? Шумо медонед, ки дар ҷомеаи падарсолори мо духтаронро метарсонанд, агар онҳо кӯдаконашонро партоянд чӣ? Ё қасди ҷонӣ худ кунанд, кӣ ҷавобгар хоҳад буд?”

Ахиран муовини раиси Девони Вазирон Эдил Байсалов ҷаласаи изтирорӣ баргузор карда, ба кормандони Хадамоти иҷтимои дастур дод, ки корҳои фаҳмондадиҳиро оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон пурзӯр кунанд. Қаблан ин мансабдор гуфта буд, бэйби-боксҳо мушкилро ҳал нахоҳанд кард.

“Шумо медонед, бэйби-бокс ин роҳи ҳал нест. Ин масъалаи даҳумдараҷа аст. Одамоне, ки намефаҳманд, фикр мекунанд, ки бэби-бокс гузоштему мушкил ҳал шуд. Аммо пеш аз ин мо бояд санадҳои ҳуқуқиро тағир диҳем ва қадамҳои сабуктарро гузорем. мефаҳмед?" гуфт, Эдил Байсалов, муовини Девони вазирони Қирғиистон.

Бархе аз ҳомиёни ҳуқуқ зидди бэйби - бокс будаанд

Ба гуфтаи ҷонибдорони бэйби-бокс, чунин таҷриба дар бисёр кишварҳои дунё вуҷуд дорад. Заноне, ки мехоҳанд аз навзоди нохоста даст кашанд, имкон доранд, тифлро дар чунин қуттӣ ё маконҳо гузоранд, на дар партовгоҳ.

Baby in the box put the doll
Baby in the box put the doll

Ба ин тартиб амали чунин духтарону занон махфӣ мемонад ва касе намебинаду онҳоро барои дасткашӣ аз тифл маҳкум намекунад. Ба таъкиди ҷонибдорони ин пешниҳод, кӯдакон дар бэйби-бокс ё қуттиҳо махсус ҳадди аққал дар шароити гарму амн хоҳад буд. Вале бархе аз ҳомиёни ҳуқуқи атфол, қатъиян зидди ин кор ҳастанд.

Нозгул Турдибекова, раҳбари бунёди “Лигаи ҳомиёни ҳуқуқи кӯдакон” мегӯяд: “Ман фикр мекунам, ки ин кор ғайираахлоқӣ ва бесамар хоҳад буд. Агар чунин қуттиҳо гузошта шаванд, ин барои ҳама занҳое, ки дар ҳолати бад қарор доранд, як паёме хоҳад шуд, ки марҳамат, агар шумо дар чунин ҳолат ҳастед, метавонед аз кӯдак даст кашед.”

Ба бовари Турдибекова, бояд қабл аз ҳама Хадамоти иҷтимоӣ ва таваллудхонаҳо шеваи кори худро тағйир диҳанд. Ҳоло ба гуфтаи ӯ агар зан мехоҳад, аз кӯдак даст кашад, тибқи қонун бояд дар зоишгоҳ забонхат нависад. Вале аксари духтарон аз беобрушавӣ метарсанд.

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, зарур аст, ки қонун дар чунин мавридҳо мардҳоро ҳам, ки бо айби онҳо атфоли нохоста ба дунё меояд, масъул кунанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG