Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 11 кас дар сӯхтори маркази савдо дар Покистон


Ҷойи ҳодиса
Ҷойи ҳодиса

Дар натиҷаи сӯхтор дар як маркази савдо дар Карочӣ, шаҳри бузургтарини Покистон, 11 нафар ҷон бохта, 10 каси дигар захмӣ шудаанд.

Ҳодиса рӯзи 25-уми ноябр рӯй дод.

Афсар Алӣ, намояндаи Идораи оташнишонии Карочӣ, ба Радиои Озодӣ гуфт, дар сӯхтор дар RJ Mall беш аз 50 дӯкон ба коми оташ рафт.

“Сӯхтор дар ошёнаи шашуми маркази тиҷоратӣ сар зад ва сипас то ошёнаи чаҳорумро фаро гирифт,” гуфт Афсар Алӣ.

Ба гуфтаи мақомот, камаш 42 нафар наҷот ёфта, захмиён ба бемористон бурда шуданд.

Сабаби сар задани сӯхтор ҳанӯз маълум нест.

XS
SM
MD
LG