Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Досье" ду киштии марбут ба Путинро ошкор кардааст


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Маркази таҳқиқотии "Досье" мегӯяд, ду абаркиштиеро ошкор кардааст, ки эҳтимол ба президенти Русия Владимир Путин ва атрофиёни ӯ тааллуқ доранд.

Дар бораи киштии "Виктория"-и 71-метрӣ ва "Орион"-и 38-метрӣ, ки аввалиро ҳамроҳӣ мекунад, то ҳол хабар дода нашуда буд. Киштии "Виктория" дар ҳоли ҳозир дар бандари Тузлаи шаҳри Истамбули Туркия таъмир мешавад.

Манбаи "Досье", ки бо Путин 20 сол пеш кор кардааст, гуфтааст, "Виктория" дар миёнаҳои солҳои 2000-ум бо фармони президенти Русия дар корхонаи низомии "Севмаш" сохта шудааст. Фармоишгари киштӣ яке аз корхонаҳои соҳибкор Сергей Маслов гуфта мешавад. Аммо ба гуфтаи манбаъ, он барои Путин сохта шудааст. Киштӣ ба номи яке аз корхонаҳои дусти Путин, Геннадий Тимченко қайд гаштааст. Раванди сохтани он наздики 14 сол тул кашидааст ва 50 миллион доллар арзиш дорад.

"Досье" менависад, ба ҳайати экипажи "Виктория" афроде шомил ҳастанд, ки дар киштиҳои дигари марбут ба Путин ва атрофиёнаш кор мекунанд."Виктория" асосан дар Сочӣ меистад ва гоҳ-гоҳе то ба Идокопас, маконе, ки онҷо ба истилоҳ, қасри Путин ҷойгир аст, меравад.

"Виктория" тобистони соли 2021 то нимҷазираи ишғолии Қрим рафта буд ва онро киштии "Орион", ки дар Италия сохта шудааст, ҳамроҳӣ мекард.

"Досье" иддао дорад, ки "Виктория"-ро Алина Кабаева истифода кардааст. Алина Кабаева мудири "Гуруҳи расонаҳои миллӣ"-и Русия аст ва аз вай маъшуқа ё ҳамсари Владимир Путин ном мебаранд. Зидди ӯ баъзе аз кишварҳои ғарбӣ, аз ҷумла Бритониё ва Канада таҳрим эълом кардаанд.

XS
SM
MD
LG