Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Рейд" дар масҷиди Балашиха. Намозгузоронро ба хидмат даъват кардаанд.


Мақомоти қудратии Русия рӯзи 17-уми ноябр, дар як амалиёте намозгузорони масҷиди шаҳри Балашихаи Русияро боздошт карданд. Дар ин бора “Новая газета. Европа” бо истинод ба имомхатиби масҷид хабар додааст. Мақомоти Русия ҳодисаро шарҳ надодаанд.

Ба гуфтаи манбаъ баъди намози ҷумъа, афроди силоҳбадаст масҷидро иҳота карда, ҳамаи онҳоеро, ки аз дохили он берун мешуданд, тафтиш карда, санад мепурсиданд. Бархе аз намозгузоронро боздошт карда, ба комиссариати ҳарбӣ бурдаанд.

Онҳо худро корманди Хадамоти амнияти федеролии Русия ё ФСБ, Додситонӣ ва Вазорати корҳои дохилӣ муаррифӣ кардаанд. Имомхатиб гуфтааст, ба бархе аз онҳое, ки дар масҷид ҳузур доштанд, пешниҳоди шуд, ки ба хидмати ҳарбӣ бираванд. Маълум нест, ки касе аз намозгузоронро ба артиш бурдаанд ё не.

Ба навиштаи "Новая газета. Европа", ҳамчунин рӯзи 15-уми ноябр ҳам дар бозор ва фабрикаи "Реутовская мануфактура" амалиёте анҷом шудааст, ки дар он “Ҳаракати миллатгароёни ҷавони рус” ширкат кардаанд.

Дар баробари сохтмону хобгоҳ ва нуқтаҳои дигари ҷамъшавии муҳоҷирон пулиси Русия ҳоло муҳоҷиронро дар масҷидҳо ҳам ҷустуҷӯ ва тафтишу ба хидмат даъват мекунанд.

“Облава” ё тафтиш дар масҷиди “Котелникӣ” дар охири моҳи ноябр сару садои зиёде ба по карда буд. Маъмурини сохторҳои қудратии Русия он замон ҳам даҳҳо нафарро баъди намози ҷумъа боздошт ва ба комисариати ҳарбӣ бурда буданд.

Дар байни боздоштшудаҳо Мамут Усейнов иштирокдори барномаи "Перепой звезду" (Шабакаи аввали Русия) ҳам буд ва ӯ ин ҳодисаро расонаӣ кард.

XS
SM
MD
LG