Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳосили лимӯ зиёд шуд, нархаш ҳам боло рафт. ВИДЕО


Лимӯпарварони водии Вахш хушҳоланд, ки имсол на танҳо ҳосил зиёд аст, балки нархи лимӯ назар ба соли гузашта боло рафта, харидоронаш низ афзудааст.

Ҳоким Азимов, сокини ноҳияи Ҷайҳун дар чанд гармхона 600 ниҳоли лимӯ дорад. Бештари ҳосили имсоларо фурӯхта, ҳоло чашм ба роҳи харидорони дигар аст. Ин лимӯпарвари собиқадор умед доранд, ки имсол даромади хубе мегирад.

"Соли гузашта нархи ҳар килограм лимӯ аз 3,5 то 4 сомонӣ буд. Аз сеюним-чор сомонӣ боло нарафт. Имсол хеле хуб шуд, талаботаш дар берун аз кишвар ҳам зиёд аст. Аз 14 сомонӣ сар шуд, то 15-16 сомонӣ боло рафт",-афзуд ӯ.

Лимӯпарварон мегӯянд, ки соли гузашта низ ҳосил зиёд буд, вале талабот аз сӯи харидорони хориҷӣ кам ва пешниҳоди лимӯ дар бозори дохилӣ зиёду нархи он поин рафт ва онҳо зарар диданд.

Ҳосили лимӯ зиёд шуд, қиматаш ҳам боло рафт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:47 0:00

Мақомот мегӯяд, ки лимӯпарварони ноҳия имсол харидорони худро пайдо кардаанд ва лимӯро ба хориҷ мебаранд.

Ба гуфтаи Диловаршо Собирзода, масъули бахши кишоварзӣ дар ноҳияи Ҷайҳун, имсол ҳосили лимӯ хуб аст ва аз тарафи соҳибкорони Узбекистон ва Қазоқистон харидорӣ мешавад.

Айни замон, на ҳамаи лимӯпарварон имкон доранд, ки маҳсулоташонро бевосита ба хориҷ бароранд. Соҳибкорон онро харида, баъди басту банд ё ҷой додан дар қуттиҳо, ба хориҷ мефиристанд.

Ҳоким Азимов мегӯяд, агар лимӯро худи деҳқонон басту банд карда, мутобиқ ба стандартҳо омода кунад, даромади бештар мегиранд. "Агар басту банди хуб кунем, дар бозорҳои ҷаҳонӣ харидор пайдо мекунад. Лимӯи беҳтарин аст, вале басту банди хуб надорад".

Ҳудуди 80 дарсади лимӯи водии Вахш дар масоҳати 150 гектар замини ноҳияи Ҷайҳун парвариш мешавад. Дар ноҳияҳои Вахшу Кӯшониён ва Абдураҳмонӣ Ҷомӣ низ лимӯпарварон зиёданд.

Ҳоло як килограм лимӯро соҳибкорон аз деҳқонон бо нархи аз 15 то 17 сомонӣ мехаранд. Дар бозорҳои минтақа он аз 18 то 20 сомонӣ қимат дорад. Ин дар ҳолест, ки соли гузашта як килограм лимӯ бо нархи аз 4 то 7 сомонӣ фурӯхта мешуд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG