Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳабси як вазири пешин дар Қазоқистон бо гумони қатли ҳамсараш


Куандик Бишимбоев.
Куандик Бишимбоев.

Додгоҳе дар шаҳри Остона рӯзи 11 ноябр Куандик Бишимбоевро бо гумони қатли ҳамсараш барои ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифт. Пулиси шаҳри Остонаи Қазоқистон бо моддаи "Куштор" парванда боз кардааст. Аз рӯи ин модда Бишимбоев мумкин аст, то 15 сол зиндон шавад.

Бишимбоем дар куштори ҳамсараш Салтанат Нукеноваи 31-сола гумонбар мешавад. Бино ба хабарҳои ибтидоӣ, Нукенова дар натиҷаи латту кӯб фавтидааст.

Куандик Бишимбоев моҳи марти соли 2018 бо ҷурми фасодкорӣ дар даврони роҳбари ширкати миллии "Байтерек" буданаш, 10 сол зиндонӣ шуда буд. Аммо чанд нафари айбдоршаванда дар доираи парвандаи мазкур бо ҷониби айбдоркунанда мувофиқат карда, нисбатан ҷазои сабуктар гирифтанд. Бишимбоем айбҳои эълоншударо рад кард.

Вазири пешин моҳи январи соли 2017 боздошт шуд. Вай яке аз ҷавонтарин вазирони ҳукумати Қазоқистон буд. Бишимбоев ҳамагӣ 26 сол дошт, ки ба мақоми вазири иқтисоди миллӣ таъйин шуда буд.

XS
SM
MD
LG