Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"349 миллион сомонӣ ба буҷет ворид нашуд." Чаро?


Чанд корхонаву ширкати калони Тоҷикистон дар нӯҳ моҳи соли 2023 молиёт ё андози заруриро насупоридаанд.

Муовини раиси Кумитаи андоз, Нозим Меликзода, дар муҳокимаи порлумонӣ рӯзи 2-юми ноябр ширкатҳои мобилиро ҳам дар ин қатор ном бурд.

Ӯ гуфт, аз ҳисоби Ширкати алюминийи тоҷик, "Тоҷиктелеком", Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой, ширкати металлургии "Анзоб", "Талко Голд" ва ширкатҳои мобилӣ ба буҷет 349 миллион сомонӣ ворид нагардид.

Назари масъулони ширкатҳо феълан дастрас нест.

Нозим Меликзода сабабҳои асосиро ба "нокифоя афзоиш ёфтани манбаъҳои андозбандӣ, бо фоидаи ночиз ҷамъбаст намудани фаъолият ва дигар омилҳо" вобаста донистааст.

Чанд сол пеш дар матбуоти Тоҷикистон ин андеша дар миён гузошта шуда буд, ки Ширкати алюминийи тоҷик ё “Талко” ба буҷети давлат молиёти чандон бузург намедиҳад ва аз "Барқи Тоҷик"-у дигарон қарздор аст ва беҳтар аст фурӯхта шавад. Он замон масъулони "Талко" гуфта буданд, ки корхонаи алюминий дар канори нерӯгоҳҳои “Роғун” ва “Норак” ҷузъи ифтихори миллист ва фурӯхта нахоҳад шуд.

“Тоҷиктелеком” ягона ширкати дастраскунандаи Интернет ва идораи тобеи Хадамоти алоқаи Тоҷикистон аст. Раёсати Хадамотро Бег Сабур, қудои раиси ҷумҳурии Тоҷикистон бар уҳда дорад. Чанд сол қабл Бонки Ҷаҳонӣ хоста буд, ки “Тоҷиктелеком"-ро аз тобеияти Хадамоти алоқа берун биоранд, вале Душанбе иҷро накард.

XS
SM
MD
LG