Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гурӯҳи нахустини хориҷиён аз Ғазза вориди Миср шудаанд


Гурӯҳи аввалини шаҳрвандони хориҷӣ ва теъдоде аз шахсони шадидан захмӣ рӯзи 1-уми ноябр аз Навори Ғазза вориди Миср шуданд.

Интиқоли онҳо бар асоси созиши Миср, “Ҳамос” ва Исроил ба миёнравии Қатар сурат гирифтааст.

Хабаргузории “Рейтерс” бо такя ба расонаҳо ва манобеи мисрӣ гузориш дод, ки ин гурӯҳ бо мошинҳои “Ёрии таъҷилӣ” аз гузаргоҳи сарҳадии Рафаҳ ба Миср даромаданд.

Интиқоли онҳо як рӯз баъди он сурат гирифт, ки ба гуфтаи мақомоти тандурустии Фаластин рӯзи 31-уми октябр дар ҳамлаи нерӯҳои Исроил ба урдугоҳи паноҳҷӯён 50 нафар кушта шуд. Исроил иддао кард, ки дар ин ҳамла як фармондеҳи аршади гурӯҳи “Ҳамос” ва шуморе аз ҳамроҳонаш кушта шудаанд.

Ҷанг миёни Исроил ва “Ҳамос” аз 7-уми октябри имсол ба ин тараф идома дорад. Телавив мегӯяд, дар ҳамлаи “Ҳамос” ба ҷануби Исроил 1400 шаҳрванди ин кишвар кушта ва 240 кас гаравгон афтодаанд.

Вазорати тандурустии Ғазза мегӯяд, бар асари ҳамлаҳои ҳавоӣ ва заминии Исроил дар тақрибан чор ҳафтаи охир беш аз 8500 фаластинӣ кушта шудаанд. Қисме аз онҳо кӯдаконанд.

XS
SM
MD
LG