Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафир қонунро "дар бораи намояндагони хориҷӣ" шарҳ дод


Дар сурати қабул шудани тарҳи қонун "дар бораи намояндагии хориҷӣ" дар Қирғизистон мумкин аст, кӯмакрасонии Бритониё ба ҷомеаи шаҳрвандии Қирғизистон мушкил шавад.

Дар сурати қабул шудани тарҳи қонун "дар бораи намояндагии хориҷӣ" дар Қирғизистон мумкин аст, кӯмакрасонии Бритониё ба ҷомеаи шаҳрвандии Қирғизистон мушкил шавад.

Дар ин бора сафири Бритониё Николас Боулер дар нишасти хабарии рӯзи 30 октябр иттилоъ дод.

"Сафорати мо пештар ҳам нигарониашро аз ин тарҳи қонун баён карда буд. Ва ҳоло мо даъват мекунем, ки ба муроҷиати намояндагии СММ ба мақомоти Қирғизистон таваҷҷуҳ кунед", - гуфт сафир.

Боулер ҳамчунин афзуд, Қирғизистон миёни кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ озодии бештар дорад ва дар ин кор маҳз саҳми расонаҳои мустақил ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳаст. Вай илова кард, вуҷуди расонаҳои мустақил ва ҷомеаи шаҳрвандӣ барои рушди иқтисод муҳим аст.

Вакилони порлумони Қирғизистон рӯзи 25 октябр тағйиру иловаҳо ба Қонун "Дар бораи созмонҳои ғайритиҷорӣ" ва Кодекси ҷиноиро қабул карданд, ки миёни мардум ин тағйирот қонун "дар бораи намояндагони хориҷӣ" ном гирифтааст.

Раиси порлумони Қирғизистон Нурланбек Шакиев ҳангоми баррасии тарҳ гуфт, дар мулоқот бо ҳайатҳои хориҷӣ "шарҳ додааст, ки тарҳи мазкур барои созмонҳои ғайридавлатӣ хатаре надорад".

"Маҳдудияте, фишоре нест, танҳо талаби ҳисобот додан ҳаст. Набояд тарсид. Амнияти кишвар дар ҷои аввал меистад", - гуфт раиси порлумони Қирғизистон.

Бархе аз вакилон шакку гумонҳои худро дар мавриди тарҳи мазкур баён карданд. Гуля Кожоқулова, вакили порлумон зидди таъйини ҷазои ҷиноӣ барои иштирок дар фаъолияти созмонҳои ғайридавлатӣ баромад кард. Вай ҳамчунин гуфт, ки ин тарҳ аз ташхис нагузаштааст. Эрулан Кокулов, вакили дигари порлумон аз раис пурсид, ки дар сурате ки вай муаллифи тарҳ нест, чаро бо ҳайатҳои хориҷӣ мулоқот ва тарҳи мазкурро баррасӣ мекунад.

Дар ниҳоят вакилон бо 52 раъйи ҷонибдор ва 7 раъйи мухолиф тарҳи тағйиру иловаҳоро қабул карданд.

Тарҳи мазкурро Нодира Норматова, вакили порлумони Қирғизистон соли 2022 таҳия кардааст. Бино ба ин тарҳ, созмонҳои ғайритиҷорӣ, ки аз хориҷи кишвар сармоягузорӣ мебаранд ва фаъолияти сиёсӣ анҷом медиҳанд, "намояндаи хориҷӣ" эътироф хоҳанд шуд. Ин созмонҳо вазифадор мешаванд, ки дар бораи фаъолияти худ ба мақомот ҳисоботи иловагӣ диҳанд ва ҳар замон фаъолияташон тафтиш шавад. Барои риоя накардани меъёрҳои ин тағйирот созмонҳои иҷтимоӣ дар ҳаҷми аз 50 то 100 ҳазор сом ҷарима ва ё роҳбарони онҳо то 5 сол зиндон мешаванд.

Фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Қирғизистон мегӯянд, ин тағйиру иловаҳо "хилофи Конститутсия ва санадҳои байналхалқӣ" ҳастанд.

Ҷомеаи шаҳрвандии Қирғизистон ва созмонҳои байналхалқӣ борҳо аз мақомоти Қирғизистон даъват карданд, ки тағйироти мазкурро қабул накунанд.

XS
SM
MD
LG