Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қудои пешини Назарбоев шартан аз зиндон озод шуд


Кайрат Боронбоев
Кайрат Боронбоев

Кайрат Боронбоев, соҳибкори зиндонӣ ва қудои пешини Дариға Назарбоева, духтари президенти собиқи он кишвар Нурсултон Назарбоев, шартан аз зиндон озод шудааст.

Дар иттилоияи додгоҳи Қазоқистон гуфта шуда, ки ҳангоми тағйири ҳукми Боронбоев чанд омил, аз ҷумла, адо шудани сеяки муҳлати ҷазо, ҷуброни зарар ба давлат, ҳамкорӣ дар рафти тафтишот, пушаймонӣ ва рафтори муносиб дар маҳбас ба назар гирифта шудааст.

Расонаҳо ахиран хабар дода буданд, ки Боронбоев "дар доираи ҳамкорӣ бо мақомот" меҳмонхонаи худро бо арзиши 1,4 миллиард танга ва ширкати "Phystech II"-ро ба давлат додааст.

Додоҳе дар шаҳри Остона 31-уми марти имсол Боронбоевро бо мусодираи амвол ба 8 сол зиндон маҳкум карда буд.

Боронбоев тоҷири маъруфи қазоқ аст, ки намояндагии McDonald's-ро дар Қазоқистон роҳбарӣ мекард.

Ӯ дар гузашта дар бахши гази кишвар фаъолият мекард ва духтараш ҳамсари Ойсултон Назарбоев - набераи президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев буд.

XS
SM
MD
LG