Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии паҳлавонони тоҷик ба Abu Dhabi Grand Slam 2023


Сомон Маҳмадбеков дар Abu Dhabi Grand Slam 2023 ширкат мекунад
Сомон Маҳмадбеков дар Abu Dhabi Grand Slam 2023 ширкат мекунад

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи бйналмилалии ҷудо Abu Dhabi Grand Slam 2023, ки рӯзҳои 24-26-уми октябр дар пойтахти Имороти Муттаҳидаи Араб - шаҳри Абу Забӣ баргузор мешавад, иштирок хоҳанд кард.

Ба иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, ба дастаи мунтахаби кишвар ҳафт варзишгар дохил аст, ки дар сабқати мардон ширкат меварзанд:

- 60 кг - Меҳрзод Суфиев

- 60 кг - Муҳаммадсолеҳ Қувватов

- 66 кг - Обид Ҷебов

- 73 кг - Беҳрӯзи Хочазода

- 81 кг - Сомон Маҳмадбеков

- 90 кг - Ҷаҳонгир Маҷидов

- 100 кг - Эмомризо Анварзода

Дар ин мусобиқа, ки бори ҳаштум бо мақоми "Grand Slam" ё "Тоскулоҳи бузург" баргузор мешавад, беш аз 470 варзишгар (мардон ва занон) аз 83 кишвари панҷ қитъаи олам иштирок мекунанд. Рақобатҳои инфиродӣ дар 7 вазн байни мардон ва дар 7 вазн миёни занон сурат мегирад.

Маблағи умумии ҷоизаҳои молии мусобиқа 154 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Ғолибону ҷоизадорони рақобатҳои инфиродӣ ба ҷуз аз медал бо ҷоизаҳои молӣ қадрдонӣ мешаванд. Ба барандагони медали тилло 5000 евро, медали нуқра – 3000 евро ва ба соҳибони медали биринҷӣ 1500 евро тақдим мегардад.

Ҳамчунин, варзишгарон барои беҳтар кардани мавқеашон дар раддабандии ҷаҳонӣ ва олимпӣ соҳиби имтиёз мешаванд: ғолибон 1000 имтиёз, барандагони ҷои дуюм 700, ҷои сеюм 500 имтиёз мегиранд.

Ёдовар мешавем, дар мусобиқаи бйналмилалии ҷудо Abu Dhabi Grand Slam 2022 ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон даҳ варзишгар (8 мард ва 2 зан) дохил буд. Аз байни онҳо танҳо Темур Раҳимов дар вазни беш аз 100 кило мақоми севумро касб карда, бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд.

XS
SM
MD
LG