"Гардиши солонаи меҳмонхона, ки беш аз 5 ҳазор метри мураббаъ масоҳат дорад, наздик ба 900 миллион танга аст. Қарор аст, ин иншоот бо мақсадҳои иҷтимоӣ истифода шавад", - омадааст дар иттилоияи Оҷонси мониторинги молии Қазоқистон.
Арзиши меҳмонхона 1,4 миллиард танга гуфта шудааст. Расонаҳо ҳафтаи гузашта хабар доданд, ширкати "Phystech II", ки ба Боронбоев рабт медоданд, давлатӣ шудааст.
31 марти соли ҷорӣ додоҳе дар шаҳри Остонаи Қазоқистон Боронбоевро бо мусодираи амвол ба 8 соли зиндон маҳкум карда буд.
Боронбоев тоҷири маъруфи қазоқ аст, ки намояндагии McDonald's-ро дар Қазоқистон роҳбарӣ мекард. Ӯ дар гузашта дар бахши гази кишвар фаъолият мекард ва духтараш ҳамсари Ойсултон Назарбоев - набераи президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев буд.