Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Узбекистон парвандаи блогерро ба додгоҳ фиристодаанд


Arrested bloger Olimjon Haydarov, Uzbekistan
Arrested bloger Olimjon Haydarov, Uzbekistan

Мақомоти тафтишотии вилояти Фарғона парвандаи блогери узбекистонӣ Олимҷон Ҳайдаровро 10-уми октябр ба додгоҳ фиристодаанд.

Сухангӯи Додгоҳи олии Узбекистон Азиз Обидов хабар дод, ки блогер ба "Тамаъҷӯӣ дар ҳаҷми калон", "Тамаъҷӯии такрорӣ" ва "Туҳмат ба ҷинояти махсусан вазнин" муттаҳам мешавад. Бар асоси ин иттиҳом, ба Ҳайдаров то 10 соли зиндон таҳдид мекунад.

Ҳанӯз маълум нест, ки додгоҳ баррасии парвандаро кай оғоз мекунад.

Вакили дифои блогер Дилшод Ҷабборов дар суҳбат бо расонаи "Gazeta.uz” гуфт, ҳеч яке аз иттиҳомҳо дар рафти тафтишот тасдиқи худро наёфтанд.

Қаблан Раёсати корҳои дохилии вилояти Фарғона дар шарҳи боздошти блогер гуфта буд, ки Ҳайдаров ба тамаъҷӯӣ аз раҳбарони маҷмааи савдои "Қӯқанд Истиқлол" муттаҳам мешавад. Блогер гӯё бар ивази паҳн накардани матлаби танқидӣ 10 ҳазор доллари ИМА талаб кардааст. Гуфта мешавад, вай аз ин маблағ 7500 долларашро гирифта ва ҳангоми гирифтани 2500 доллари боқӣ боздошт шудааст.

Бародари блогер иддаои пулисро рад кард. Ӯ гуфт, он рӯз кормандони пулис бародарашро боздошт карда, пулро ба мошинаш партофтанд ва сипас маҷбур карданд, ки "пулҳоро биқапад".

XS
SM
MD
LG