Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси нави Федератсияи кураши Тоҷикистон интихоб шуд


Кураш асосан дар Узбекистон маъруф аст. Акс аз бойгонӣ
Кураш асосан дар Узбекистон маъруф аст. Акс аз бойгонӣ

Зуҳуршо Нурмаҳмадзода раиси нави Федератсияи кураши Тоҷикистон интихоб шуд. Ҷаласаи Федератсияи кураш, ки Нурмаҳмадзодаро дар он раис интихоб карданд, 14-уми октябр дар меҳмонхонаи "Hyatt Regency"-и Душанбе баргузор шуд.

Ӯ ба ин вазифа номзади ягона буд. Нурмаҳмадзода дар ин вазифа Носир Бозоровро, ки аз ибтидо дар муддати 20 сол раҳбарии федератсияро ба уҳда дошт, иваз намуд.

Куштии кураш дар Тоҷикистон маъмул аст. Варзишгарони тоҷик дар ин ришта дар қаҳрамонии ҷаҳон панҷ нишони тилло ба даст оварда, ҳамчунин шаш нафари дигар ҷоизадор гаштаанд.

Зимнан, ду паҳлавони тоҷик - Хайрандеш Муродзода ва Ҳақназар Назаров - дар риштаи кураш дар Бозиҳои 19-уми осиёӣ дар шаҳри Ҳангжоуи Чин бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Куштии кураш, бахусус, дар Узбекистон мавқеи хоса дорад. 4-уми ноябри соли 2020 қарори президенти ин кишвар дар бораи рушди кураш қабул шудааст. Тибқи ин қарор ҳукумати Узбекистон кӯшиш мекунад, ки кураш то соли 2028 ба барномаи Бозиҳои олимпӣ шомил гардад.

XS
SM
MD
LG