Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири умури хориҷии Амрико ба Исроил рафт


Энтони Блинкен ба Тел Авив рафт
Энтони Блинкен ба Тел Авив рафт

Даргирӣ миёни неруҳои Исроил ва Ҳамос дар Навори Ғазза 12-уми октябр ҳамчунон идома кард. Дар ҷанге, ки шаш рӯз пеш сар шуд, то кунун ҳазорон нафар аз ду тараф кушта шудаанд.

Даргирӣ миёни неруҳои Исроил ва Ҳамос дар Навори Ғазза 12-уми октябр ҳамчунон идома кард. Дар ҷанге, ки шаш рӯз пеш сар шуд, то кунун ҳазорон нафар аз ду тараф кушта шудаанд.

Неруҳои исроилӣ ба мавзеъҳои "Ҳамос" зарбаҳои зиёде заданд ва интизор меравад, ки амалиёти заминиро дар Ғаззаи сераҳолӣ оғоз кунад. Ҷанг баъди он оғоз ёфт, ки ҷангҷӯёни "Ҳамос" бо ҳамла ба қаламрави Исроил 1200 нафар, аксаран мардуми осоиштаро куштанд ва 150 нафарро гаравгон гирифтанд. Дар ҳамлаҳои Исроил ба Ғазза ҳам бештар аз 1000 нафар кушта ва ҳазорон тани дигар маҷруҳ шудаанд.

Энтони Блинкен, вазири умури хориҷии Амрико, ки ба Исроил сафар кардааст, ҳамраъйии қавии кишвараш бо Тел Авивро баён кард ва айни замон хост, ба талафот дар байни ғайринизомиён роҳ надиҳанд. Ҳоло нигаронӣ аз сарнавишти 2 миллиону 400 ҳазор нафар аз аҳолии Ғазза меафзояд, ки дар 15 соли гузашта бори панҷум аст, ки шоҳиди ҷанг мешавад. Сокинони Ғазза панҷ рӯз аст, ки дар муҳосираи Исроил қарор доранд ва аз барқу обу маводи ғизоӣ маҳрум карда шудаанд.

XS
SM
MD
LG