Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

16 даста ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми футзали Осиё роҳ ёфт


Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон, ки дар даври севум ва ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 тими Мянмарро бо ҳисоби 3:0 шикаст дод, дар гурӯҳи «Е» ғолиб шуд ва ба марҳилаи ниҳоии мусобиқот роҳ пайдо кард.

Ҳарсе голро футзалбозони мунтахаби Тоҷикистон Файзалӣ Сардоров, Идрис Ёров ва Комрон Алиев дар нимаи дувуми бозӣ ба самар расонданд

Дар бозии дигари даври севум дар гурӯҳи «Е» мунтахаби Фаластин ба дастаи Ҳиндустон бо ҳисоби 6:5 пирӯз шуд.

Марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 дар гурӯҳи «Е» дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе бо ширкати чаҳор дастаи мунтахаби миллӣ - Тоҷикистон, Мянмар, Фаластин ва Ҳиндустон – доир гардид.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври аввал тими Ҳиндустонро бо ҳисоби 6:3 ва дар даври дувум дастаи Фаластинро бо ҳисоби 6:1 шикаст дода буд.

Ба ин тартиб, мунтахаби Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов дар ҳарсе бозиаш пирӯз шуда, бо касби 9 имтиёз дар гурӯҳи “Е” мақоми аввалро азони худ кард. Мунтахаби Мянмар бо касби 6 имтиёз дувум шуд. Ҳарду даста ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2024, ки аз 17-ум то 28-уми апрели соли оянда дар Тайланд баргузор мешавад, роҳхат гирифтанд.

Бояд гуфт, ки ғолибони ҳашт гурӯҳ, инчунин ҳафт дастаи нишондодҳояшон хубтари ҷойҳои дувум ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 роҳ пайдо намуданд.

Дарвоқеъ, мунтахаби Тоҷикистон бори дувоздаҳум дар таърихи худ дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё иштирок хоҳад кард.

Ба ғайр аз дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Мянмар (гурӯҳи “Е”), инчунин тимҳои миллии Тайланд (ба ҳайси мизбон), Чин (гурӯҳи “A”), Афғонистон, Арабистони Саудӣ (гурӯҳи “В”), Эрон, Қирғизистон (гурӯҳи “С”), Ветнам, Кореяи Ҷанубӣ (гурӯҳи “D”), Кувайт, Баҳрайн (гурӯҳи “F”), Узбекистон, Ироқ (гурӯҳи G”), Ҷопон, Австралия (гурӯҳи “Н”) ба ҳаққи иштирок дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 мушарраф шуданд.

Марҳилаи интихобии Ҷоми футзали Осиё-2024

Гурӯҳи «Е»

Тоҷикистон

Мянмар

Фаластин

Ҳиндустон

Даври 1-ум

7-уми октябр (шанбе)

Мянмар – Фаластин – 2:1

Тоҷикистон Ҳиндустон – 6:3

Даври 2-юм

9-уми октябр (душанбе)

Ҳиндустон – Мянмар – 2:5

Фаластин Тоҷикистон – 1:6

Даври 3-юм

11-уми октябр (чоршанбе)

Фаластин – Ҳиндустон – 6:5

Тоҷикистон Мянмар - 3:0

Голҳо: Файзалӣ Сардоров, 31 (1:0). Идрис Ёров, 31 (2:0). Комрон Алиев, 33 (3:0).

Беҳтарин бозигари дидор: Файзалӣ Сардоров (Тоҷикистон).

11-уми октябр. Душанбе. Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ. 2300 тамошогар

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи «Е»

Ҷ

ДАСТАҲОИ МУНТАХАБ

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Тоҷикистон

3

3

0

0

15-4

9

2.

Мянмар

3

2

0

1

7-6

6

2.

Фаластин

3

1

0

2

8-13

3

4

Ҳиндустон

3

0

0

3

10-17

0

XS
SM
MD
LG