Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби Тоҷикистон ба финали "Ҷоми Mердека-2023" роҳ ёфт


Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар бозии ниҳоии «Ҷоми Мердека-2023», ки 17-уми октябр дар шаҳри Куала-Лумпури Малайзия баргузор мешавад, иштирок хоҳад кард.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, кумитаи тадорукоти «Ҷоми Мердека-2023» ба шакли баргузории мусобиқа тағйирот ворид кард.

Мунтахаби Фаластин бинобар вазъи мушкили сиёсӣ дар ин кишвар маҷбур шуд, ки аз ширкат дар «Ҷоми Мердека-2023» даст кашад. Қаблан эълон шуда буд, ки дар даври ниманиҳоии мусобиқот мунтахаби Фаластин 13-уми октябр бо тими миллии Тоҷикистон бозӣ мекунад.

Ба ин тартиб, мунтахаби Тоҷикистон пеш аз муҳлат ба финали «Ҷоми Мердека-2023» роҳ ёфт. Ҳамакнун футболбозони тоҷик рӯзи 17-уми октябр дар Варзишгоҳи миллии Букит Ҷалили шаҳри Куала-Лумпур бо ғолиби бозии даври ниманиҳоӣ миёни тимҳои миллии Малайзия ва Ҳиндустон рақобат мекунад.

Дар доираи омодагӣ ба «Ҷоми Mердека-2023», дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббӣ Петр Сегрт, мутахассиси хорватӣ, рӯзи 10-уми октябр дар Куала-Лумпур нахустин тамрини худро анҷом дод.

Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон 23 бозигар – 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар шомиланд.

Чаҳор бозигари мунтахаби олимпии кишвар (U-23) бори аввал ба тими миллии кишвар даъват шуданд: дарвозабон Суҳробхуҷа Юсупов (КМВА-и Душанбе), ҳимоятгар Фахриддин Аҳтамов («Хуҷанд»-и Хуҷанд), нимҳимоятгарон Руслан Хайлоев (бошгоҳи «Тюмен»-и Русия) ва Алишер Шукуров («Кӯктош»-и Рӯдакӣ), инчунин ҳимоятгарони мунтахаби наврасони кишвар (U-17) – Диловар Ҷамшедзода ва Баракатулло Нигматуллозода, ки дар дастаи «Барқчӣ»-и Ҳисор бозӣ мекунанд.

Ба далели омодагии қаҳрамони Тоҷикистон, бошгоҳи «Истиқлол»-и Душанбе ба бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2023/24 ситоди мураббиёни тими миллӣ бозигарони ин дастаро дар рӯзҳои ФИФА-и моҳи октябр ба ҳайати мунтахаб даъват накарданд.

Ҳайати дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Мердека-2023»:

Дарвозабонҳо: Суҳробхуҷа Юсупов (КМВА), Сафармад Ғаффоров («Хатлон»-и Бохтар), Далер Баротов («Истаравшан»-и Истаравшан);

Ҳимоятгарон: Ваҳдат Ҳанонов («Персеполис»,Эрон), Зоир Ҷурабоев («Нефтчӣ», Узбекистон), Манучеҳр Сафаров («Локомотив», Узбекистон), Далер Имомназаров («Эсхата»-и Хуҷанд), Холмурод Назаров («Равшан»-и Кӯлоб), Фахриддин Аҳтамов («Хуҷанд»), Диловар Ҷамшедзода, Баракатулло Неъматуллозода (ҳарду аз «Барқчӣ»);

Нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев (ССКА-1948, Булғористон), Амирбек Ҷурабоев («Кедах», Малайзия), Муҳаммадҷон Раҳимов («Бухоро», Узбекистон), Руслан Хайлоев («Тюмен», Русия), Муродалӣ Ақназаров («Анталяспор», Туркия), Вайсиддин Сафаров (КМВА), Алишер Шукуров («Кӯктош»), Абубакр Сулаймонов («Барқчӣ»);

Ҳамлагарон: Рустам Соиров («Локомотив», Узбекистон), Шаҳром Самиев («Милсами», Молдова), Нуриддин Ҳамроқулов («Регар-ТадАЗ»), Муҳаммадалӣ Азизбоев («Ҳосилот»).

Сармураббӣ – Петр Сегрт (Хорватия).

Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Мердека-2023»

Нимфинал

13-уми октябр (ҷумъа)

18:00 – Малайзия – Ҳиндустон

17-уми октябр (сешанбе)

Финал

18:00 – Ғолиби ҷуфти Малайзия/ Ҳиндустон – Тоҷикистон

Эзоҳ: Ҳарду бозӣ дар Варзишгоҳи миллии Букит Ҷалили шаҳри Куала-Лумпур баргузор мешавад.Замони оғози бозиҳо ба вақти Душанбе аст.

XS
SM
MD
LG