Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба ҳайати мунтахаби кишвар 23 бозигар – 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар шомиланд.
Чаҳор бозигари мунтахаби олимпии кишвар (U-23) бори аввал ба тими миллии кишвар даъват шуданд: дарвозабон Суҳробхуҷа Юсупов (КМВА-и Душанбе), ҳимоятгар Фахриддин Аҳтамов («Хуҷанд»-и Хуҷанд), нимҳимоятгарон Руслан Хайлоев (бошгоҳи «Тюмен»-и Русия) ва Алишер Шукуров («Кӯктош»-и Рӯдакӣ), инчунин ҳимоятгарони мунтахаби наврасони кишвар (U-17) – Диловар Ҷамшедзода ва Баракатулло Нигматуллозода, ки дар дастаи «Барқчӣ»-и Ҳисор бозӣ мекунанд.
Ба далели омодагии қаҳрамони Тоҷикистон, бошгоҳи «Истиқлол»-и Душанбе ба бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2023/24 ситоди мураббиёни тими миллӣ бозигарони ин дастаро дар рӯзҳои баргузории мусобиқаи «Ҷоми Мердека-2023», ба ҳайати мунтахаб даъват накарданд.
Дар мусобиқаи «Ҷоми Мердека-2023» мунтахаби Тоҷикистон рӯзи 13-уми октябр бо тими миллии Фаластин бозӣ мекунад. Дар рақобати дигари даври ниманиҳоӣ тимҳои Малайзия ва Ҳиндустон рӯбарӯ мешаванд.
Ғолибони даври ниманиҳоӣ рӯзи 17-уми октябр дар бозии ниҳоӣ ба ҳам меоянд ва дастаҳои мағлубшуда барои медалҳои биринҷӣ мубориза мебаранд.
Ҳамаи бозиҳои ин мусобиқа дар Варзишгоҳи миллии Букит Ҷалили шаҳри Куала-Лумпур баргузор мешаванд.
Ҳайати дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Мердека-2023»:
Дарвозабонҳо: Суҳробхуҷа Юсупов (КМВА), Сафармад Ғаффоров («Хатлон»-и Бохтар), Далер Баротов («Истаравшан»-и Истаравшан);
Ҳимоятгарон: Ваҳдат Ҳанонов («Персеполис»,Эрон), Зоир Ҷурабоев («Нефтчӣ», Узбекистон), Манучеҳр Сафаров («Локомотив», Узбекистон), Далер Имомназаров («Эсхата»-и Хуҷанд), Холмурод Назаров («Равшан»-и Кӯлоб), Фахриддин Аҳтамов («Хуҷанд»), Диловар Ҷамшедзода, Баракатулло Неъматуллозода (ҳарду аз «Барқчӣ»);
Нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев (ССКА-1948, Булғористон), Амирбек Ҷурабоев («Кедах», Малайзия), Муҳаммадҷон Раҳимов («Бухоро», Узбекистон), Руслан Хайлоев («Тюмен», Русия), Муродалӣ Ақназаров («Анталяспор», Туркия), Вайсиддин Сафаров (КМВА), Алишер Шукуров («Кӯктош»), Абубакр Сулаймонов («Барқчӣ»);
Ҳамлагарон: Рустам Соиров («Локомотив», Узбекистон), Шаҳром Самиев («Милсами», Молдова), Нуриддин Ҳамроқулов («Регар-ТадАЗ»), Муҳаммадалӣ Азизбоев («Ҳосилот»).
Сармураббӣ – Петр Сегрт (Хорватия).
Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Мердека-2023»
Нимфинал
13-уми октябр (ҷумъа)
13:30 – Фаластин – Тоҷикистон
18:00 – Малайзия – Ҳиндустон
17-уми октябр (сешанбе)
13:30 – Бозӣ барои ҷои севум
18:00 – Финал
Эзоҳ: замони оғози бозиҳо - ба вақти Душанбе.