Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иштироки паҳлавонони тоҷик дар қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Варзишгарони тоҷик дар қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон миёни ҷавонон, ки рӯзҳои 4-7-уми октябр дар шаҳри Одивеласи Португалия баргузор мешавад, ширкат меварзанд.

Ба иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, ба ҳайати мунтахаби ҷавонони кишвар нӯҳ варзишгар шомиланд:

-66 кг - Садриддинзода Фазлиддин

-73 кг - Шеров Абубакр

-73 кг - Асадуллоев Муҳиддин

-81 кг - Абдуҷалилов Муҳаммадҷон

-81 кг - Сайфиддинзода Сайфиддин

-90 кг - Кишваров Сомон

-90 кг - Раҷабов Умедҷон

-100 кг - Абдураҳмонов Парвиз

+100 кг - Элмуродов Иброҳимҷон

Барои ширкат дар ин мусобиқот 541 варзишгар (294 мард ва 247 зан) аз 68 кишвар номнавис шудаанд.

Ҷавонон дар ҳафт вазн (-60 кг, -66 кг, -73 кг, -81 кг, -90 кг, -100 кг ва +100 кг) ва духтарон низ дар ҳафт вазн (-48 кг, -52 кг, -57 кг, -63 кг, -70 кг, -78 кг ва +78 кг) рақобат мекунанд.

Ғолибону ҷоизадорони қаҳрамонии ҷаҳон миёни ҷавонон дар Португалия дар баробари медал бо ҷоизаҳои молӣ қадрдонӣ мешаванд, инчунин ба онҳо дар радабандии ҷаҳлнӣ имтиёз дода мешавад.

Ёдовар мешавем, Нуралӣ Эмомалӣ, паҳлавони тоҷик, дар қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон миёни ҷавонон, ки соли гузашта дар шаҳри Гуаякили Эквадор доир шуда буд, дар вазни то 66 кило бо медали тило сарфароз гашт. Ӯ соҳиби 700 имтиёз ва ҷоизаи молӣ дар ҳаҷми 2000 доллари амрикоӣ гардид.

Зимнан, дар таърихи ҷудои тоҷик ин дуюмин медали тилло аз қаҳрамонии ҷаҳон миёни ҷавонон ба шумор мерафт. Нахустин медали тилоро Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 73 кило моҳи октябри соли 2019 дар қаҳрамонии ҷаҳон дар Марокаш ба даст оварда буд.

XS
SM
MD
LG