Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Халиқ Бонк"-и Тоҷикистон номашро дигар кард


"Халиқ Бонк" (Halyk Bank)-и Тоҷикистон номашро ба "Актив Бонк" иваз кардааст. 

Бонки Миллӣ рӯзи 25-уми сентябр тасдиқ кард, ки иҷозатномаи "Халиқ Бонк"-ро гирифт ва ба "Актив Бонк" ҳаққи кор дод.

Бонки мардумии амонатгузории Қазоқистон ё "Халиқ Бонк" соле пеш саҳмияҳои бахши тоҷикистонияшро ба Бонки Байнулмилалии Тоҷикистон фурӯхт.

То кунун шарту маблағи харидуфурӯш эълон нашудааст. Аммо решаҳои Бонки Байнулмилалӣ, ки ҳамагӣ ҳафт сол пеш аз як созмони хурди қарздиҳӣ ба бонк табдил ёфт, ба ширкатҳои афроди наздик ба хонаводаи президент гиреҳ мехӯрад.

Барои мисол, ба маълумоти сомонаи Бонки Байнулмилалии Тоҷикистон, саҳомонаш “Тоҷик Кейтеринг Сервис” ва Холов Шералӣ Сафаралиевич ҳастанд. Аввалӣ 76,95 ва дувумӣ 23,05 дарсади саҳмияҳои бонкро ба даст доранд.

Бино ба Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ, молики "Тоҷик Кейтеринг Сервис" худи Холов Шералӣ Сафаралиевич аст. Ин ба он маъност, ки расман ӯ молики ягонаи бонк ба шумор меравад.

Дар ҳамин ҳол, Бонки Байнулмилалии Тоҷикистон молики чанд ширкати дигар, аз ҷумла “Стандарт-Иҷора” ва "Стандарт Бима" аст, ки аввалиро барои амалиёти лизингӣ ва дувумиро соли 2015 бо ҳадафи суғурта ва миёнравӣ таъсис додаанд. Бино ба ҳуҷҷатҳо, ҳаммуассиси ҳарду ширкат Гулов Ҷамшед Шералиевич аст.

Бар асоси маълумоти расонаҳои наздик ба мухолифони ҳукумат ӯ бародари Ашраф Гулов, сафири Тоҷикистон дар Туркия ва яке аз домодҳои раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, мебошад. Ашраф Гулов ба ин маълумоти нашрияҳои мухолифон вокуниш накардааст.

XS
SM
MD
LG