Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон: 30 бомба безарар ва 28 кас дастгир шудааст


Эрон
Эрон

Мақомоти Эрон 30 бомбаро дар Теҳрон безарар гардонда, дар робита ба ин ҳодиса 28 ҷангҷӯйи вобаста ба гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" ё ДОИШ-ро дастгир кардаанд.

Хабаргузории "Тасним" рӯзи 24-уми сентябр дар ин бора бо такя ба маълумоти Вазорати истихбороти Эрон гузориш дод.

Вазорат гуфтааст, баъзе аз ҷангҷӯён "бо гурӯҳҳои такфирӣ дар Сурия, Афғонистон, Покистон ва минтақаи Курдистони Ироқ ҳамкорӣ доштанд."

Гурӯҳи ДОИШ чанд ҳамла, аз ҷумла ду таркиши маргборро дар соли 2017 дар Эрон ба уҳда гирифтааст.

Он вақт порлумони Эрон ва оромгоҳи Оятуллоҳ Хумайнӣ, бунёдгузори Ҷумҳурии Исломӣ, ҳадаф қарор гирифта буд.

XS
SM
MD
LG