Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қонуни баҳсбарангези ҳиҷоб дар Эрон қабул шуд


Порлумони Эрон қонуни баҳсбарангезро дар бораи "ҳиҷоб ва иффат" қабул кард. Мақомоти Ҷумҳурии Исломӣ аз он пуштибонӣ карданд, вале созмонҳои байнулмилалӣ зидди он баромаданд.

Бар асоси ин қонун, занонро барои нодуруст пӯшидани либоси исломӣ метавонанд то 10 сол зиндонӣ кунанд. То ин вақт барои ин кор ҷарима пешбинӣ шуда буд.

Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон 20-уми сентябр гуфт, лоиҳаи қонуни ҳиҷоб ва иффат дар ҳамоҳангӣ бо қувваи қазоия таҳия шудааст.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар ҳукумати Эронро барои таҳияи чунин қонун танқид карда, талаб доштанд, ки порлумон онро напазирад. Аз ҷумла коршиносони Комиссариати олии ҳуқуқи башари Созмони Милал таъкид кардаанд, ки бо қабули ин тарҳ табъиз алайҳи занон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон бештар хоҳад шуд.

Масъалаи пӯшиши занон дар Эрони исломӣ ба мушкили доғ табдил шудааст. Ҳукумати ин кишвар, ки дар дасти руҳониён аст аз занон талаб мекунад, ки бояд берун аз хона либоси исломӣ ё ҳиҷоб дошта бошанд.

Моҳи сентябри соли гузашта Маҳсо Аминии 22-сола дар Теҳрон ба гумони бадҳиҷобӣ дастгир ва дар шароити мармуз даргузашт. Марги ӯ эътирози садҳо нафарро дар Эрон ва кишварҳои дигар ба миён овард.

XS
SM
MD
LG