Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Бишкек мандати вакилии Фарҳат Исмоиловро барқарор накард


Фарҳат Исмоилов.
Фарҳат Исмоилов.

Додгоҳи шаҳрии Бишкеки Қирғизистон шикояти Фарҳат Исмоиловро аз болои Комисияи марказии интихоботӣ (КМИ) баррасӣ кард. Додгоҳ қарори Комиссияи марказии интихоботро бетағйир боқӣ гузошт. Дар ин бора аз додгоҳ рӯзи 20 сентябр хабар доданд.

Шикояти Фарҳодбек Олиҷонов, ки низ аз мандати вакилӣ маҳрум шудааст, 28 сентябр дар додгоҳи шаҳрии Бишкек баррасӣ мешавад.

Комиссияи марказии интихоботи Қирғизистон рӯзи 6 июли соли ҷорӣ мандати вакилони порлумони ин кишвар Фарҳодбек Олимҷонов ва Фарҳат Исмоиловро бекор кард. Комиссияи марказии интихобот ин тасмимро баъди он гирифт, ки Вазорати маориф ва илми Қирғизистон гуфт, санадҳои ду вакил дар бораи таҳсилоти олӣ тақаллубӣ ҳастанд.

XS
SM
MD
LG