Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пулиси Душанбе аз боздошти гурӯҳи роҳзанҳо хабар дод


Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз боздошти гурӯҳе аз роҳзанҳо хабар дод, ки асосан ҷавонон мебошанд.

Ба иттилои ин манбаъ, айни замон ду нафар аз афроди гурӯҳро боздошт карда, дигарон дар пайгард қарор доранд.

Дар гузориш гуфта мешавад, ки санаи 11-уми сентябр ин гурӯҳи роҳзанҳо аз як тоҷири бозори Корвон "зӯран" беш аз 5 миллион сомониашонро тасарруф карда, як ноболиғи дигарро дар ҷойи ҳодиса бо корд захмӣ мекунанд.

Вазорат ҳамчунин гуфтааст, ки ин гурӯҳи роҳзанҳо моҳи марти соли равон як шаҳрванди Чинро ба хонааш ворид шуда, як милион сомониашро ғорат кардаанд.

XS
SM
MD
LG