Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нокомии чаҳор варзишгари тоҷик дар қаҳрамонии куштии ҷаҳон


Қаҳрамонии куштии ҷаҳон
Қаҳрамонии куштии ҷаҳон

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии куштии ҷаҳон, ки рӯзҳои 16-18-уми сентябр дар шаҳри Белгради Сербистон баргузор шуд, аз медал бенасиб монданд.

Ба иттилои Федератсияи куштии Тоҷикистон, дар ин мусобиқоти пурнуфузи ҷаҳонӣ ба ҳайати дастаи мунтахаби кишвар дар риштаи куштии озод чаҳор нафар шомил буданд: Абдулмаҷид Кудиев (-65 кг), Мустафо Аҳмадов (-70 кг), Магомед Евлоев (-74 кг ) ва Шуҳрат Бозоров (-79 кг).

Аз миёни онҳо танҳо Абдулмаҷид Кудиев имкони медал гирифтанро дошт. Ӯ дар вазни то 65 кило дар даври аввал ба варзишгари Фаронса Арсамерзуев бо ҳисоби 6:2 дастболо шуд. Абдулмаҷид баъди пирӯзӣ дар даври дуюм ба намояндаи Куба Тобие Волдес бо ҳисоби 6:2 ба ҳаштякфинал роҳ ёфт.

Вале Кудиев дар даври ҳаштякниҳоӣ аз варзишгари Арманистон Теванян бо ҳисоби 6:8 мағлуб шуд ва аз ҳаққи идомаи мубориза барои медал маҳрум гашт.

Се паҳлавони дигари тоҷик - Мустафо Аҳмадов, Магомед Евлоев ва Шуҳрат Бозоров бошанд, дар даврҳои муқаддамотӣ аз рақибонашон шикаст хӯрда, аз мусобиқа берун шуданд.

Тоҷикистонро дар қаҳрамонии ҷаҳон дар Сербистон боз ду варзишгар дар риштаи куштии юнонию румӣ ё фарангӣ намояндагӣ хоҳад кард. 22-юми сентябр Асламҷон Азизов дар вазни то 60 кило ва 23-юми сентябр Фирӯз Мирзораҷабов дар вазни то 67 кило ба рақобат мепардозанд.

Зимнан, ин аввалин мусобиқоти интихобӣ барои дарёфти роҳхат ба Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024 мебошад. Варзишгарон барои 30 маҷмуи медалҳо ва 90 квотаи олимпӣ мубориза мебаранд. Онҳое, ки дар ҳар вазн ҷойҳои 1-5-умро мегиранд, соҳиби роҳхати олимпӣ мешаванд.

Созмони ҷаҳонии куштӣ (UWW) ба барномаи мусобиқот се навъи рақобатҳоро дохил кардааст: куштии озод миёни мардон ва занон, куштии юнонию румӣ байни мардон.

Бояд гуфт, ки дар таърихи мусобиқоти қаҳрамонии куштии ҷаҳон Тоҷикистон танҳо як медал дорад. Юсуф Абдусаломов соли 2007 дар қаҳрамонии ҷаҳон дар Боку дар риштаи куштии озод дар вазни то 84 кило, медали нуқра ба даст овардааст.

XS
SM
MD
LG