Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

FIFA беҳтарин футболбозро муайян мекунад


Лионел Месси яке аз номзадҳо ба унвони беҳтарин футболбоз дар соли 2023 аст
Лионел Месси яке аз номзадҳо ба унвони беҳтарин футболбоз дар соли 2023 аст

Рӯйхати номзадҳо ба унвони беҳтарин футболбоз ва беҳтарин мураббӣ дар соли 2023 аз рӯи фарзияи FIFA (Федератсияи байнулмилалии футбол) эълон шуд. Рӯйхат дар сомонаи FIFA нашр шудааст.

Ба рӯйхати номзадҳо ба унвони беҳтарин футболбози сол 12 нафар шомил шудаанд: Хулиан Алварес («Манчестер Сити»), Марсело Брозович («Ал-Наср»), Кевин де Брёйне («Манчестер Сити»), Илкай Гюндоган («Барселона), Эрлинг Ҳоланд («Манчестер Сити»), Родри Эрнандес («Манчестер Сити»), Хвича Кваратсхелия («Наполи»), Килиан Мбаппе («ПСЖ»), Лионел Месси («Интер Майами»), Виктор Осимхен («Наполи»), Деклан Райс («Арсенал»), Бернарду Силва («Манчестер Сити»).

Бояд гуфт, ки португолӣ Криштиану Роналду, ки ҳамдастаи Марсело Брозович (ҳарду дар бошгоҳи «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ бозӣ мекунанд) мебошад, ба рӯйхати номзадҳо ворид нашуд.

FIFA инчунин рӯйхати номзадҳоро барои дарёфти ҷоизаи беҳтарин мураббии сол эълон кард.

Ба ин рӯйхат панҷ мураббии маъруф дохил шудаанд: испаниҳо - Хосеп Гвардиола («Манчестер Сити») ва Хави («Барселона»), итолиёвиҳо Симон Индзаги («Интер») ва Лучано Спаллетти (сармураббии мунтахаби Италия ва собиқ «Наполи»), инчунин юнонӣ - Ангелос Постекоғлу (“Тоттенҳэм” ва собиқ “Селтик”) .

Барои муайян кардани ғолибон дастовардҳои футболбозон ва мураббиён аз 19-уми декабри соли 2022 то 20-уми августи соли 2023 ба назар гирифта мешавад.

Зимнан, соли 2022 унвони беҳтарин бозигар аз рӯи фарзияи ҷоизаи The Best FIFA Football Awards насиби Лионел Месси ва беҳтарин мураббӣ насиби сармураббии мунтахаби Аргентина Лионел Скалони шуда буд.

XS
SM
MD
LG