Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ва Узбекистон дар Ҷоми Осиё-2024 ширкат мекунанд


Акс аз сомонаи ФФТ
Акс аз сомонаи ФФТ

Бозиҳои даври севум ва охирини марҳалаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 миёни дастаҳои ҷавонони то 23-сола, ки 12-уми сентябр баргузор шуданд, ҳамаи тимҳои мунтахаби иштироккунандаи қисми ниҳоии мусобиқотро дар Қатар муайян карданд.

Ба иттилои сомонаи расмии AFC (Конфедератсияи футболи Осиё), 16 даста ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2024, ки аз 15-уми апрел то 3-юми майи соли 2024 дар Қатар баргузор мешавад, роҳхат гирифт.

Инҳо Қатар (ба ҳайси мизбони Ҷоми Осиё-2024), ғолибони гурӯҳҳо - Урдун, Кореяи Ҷанубӣ, Ветнам, Ҷопон, Узбекистон, Ироқ, Имороти Муттаҳидаи Араб, Тайланд, Австралия, Арабистони Саудӣ, Индонезия, инчунин дастаҳои беҳтарини ҷойҳои дувум - Кувайт, Тоҷикистон, Малайзия ва Чин - мебошанд.

Қуръкашии марҳалаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 рӯзи 25-уми марти соли оянда дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё дар шаҳри Куала-Лумпури Малайзия доир мегардад.

Осиёи Марказиро дар Қатар дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 23-солаи Тоҷикистону Узбекистон намояндагӣ хоҳанд кард.

Мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо роҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев дар даври охирин 12-уми сентябр бозиро дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо мунтахаби Австралия бо ҳисоби мусовӣ (1:1) анҷом дод. Дар бозии аввал футболбозони ҷавони тоҷик дастаи Лаосро бо ҳисоби 2:1 мағлуб карда буданд.

Дар бозии даври аввали марҳалаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 (U-23) дар гурӯҳи «I» мунтахаби олимпии Австралия дастаи Лаосро бо ҳисоби бузурги 7:1 шикаст дода буд.

Ҳамин тариқ, дастаҳои мунтахаби олимпии Австралия ва Тоҷикистон чаҳоримтиёзӣ гирифтанд. Бо назардошти таносуби беҳтари тӯбҳо мунтахаби Австралия дар гурӯҳи «I» ғолиб шуд ва ба марҳалаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 (U-23) роҳ ёфт.

Мунтахаби Тоҷикистон, ки дар ҷадвали гурӯҳи «I» дар ҷойи дувум қарор гирифт, дар қатори чаҳор дастаи ҷойҳои дувуми гурӯҳҳо бо нишондодҳои хубтар ба марҳалаи ниҳоии мусобиқот роҳхат гирифт.

Дарвоқеъ, мунтахаби ҷавонони то 23-солаи Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев бори дувум ба марҳалаи ниҳоии Ҷоми Осиё (U-23) роҳ пайдо намуд.

Мунтахаби Узбекистон, ки дар гурӯҳи «Е» дар Тошканд дар ҳарсе бозиаш пирӯз шуд, бо касби 9 имтиёз (таносуби тӯбҳояш 19-1) мақоми аввалро соҳиб шуда, ба марҳалаи ниҳоии мусобиқот роҳ ёфт.

Мунтахаби Узбекистон бар тимҳои Афғонистон (8:1), Ҳонконг (10:0) ва Эрон (1:0) ғалаба кард. Дар бозии охирин голи ягонаро дар дақиқаи 48-ум Аббосбек Файзуллоев ба дарвозаи тими Эрон зад.

Аммо мунтахаби Эрон, ки 6 имтиёз гирифт, натавонист ба марҳалаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 роҳ пайдо кунад.

Дастаҳои мунтахаби Қирғизистону Туркманистон бошанд, аз ҳаққи ширкат дар марҳалаи ниҳоии мусобиқот маҳрум шуданд.

Мунтахаби Қирғизистон бозии охиринашро дар гурӯҳи «В» (ҳамагӣ се дастаи мунтахаб буд) 12-уми сентябр ба тими Қатар бо ҳисоби 0:1 бохт. Зимнан, барои қатариҳо, ки дар ҳарсе бозӣ ғолиб омада, 9 имтиёз гирифтанд, натиҷаи бозӣ аҳамият надошт. Зеро мунтахаби Қатар ба ҳайси мизбони Ҷоми Осиё-2024 ба марҳалаи ниҳоӣ пешакӣ роҳ ёфта буд.

Ҳамин тариқ, аз ин гурӯҳ дастаи мизбон - мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ, ки бо касби 6 имтиёз мақоми аввалро соҳиб шуд, ба қисми ниҳоии мусобиқот роҳхат гирифт. Вале Қирғизистону Мянмар, ки якимтиёзӣ ба даст оварданд, аз ҳаққи ширкат дар марҳалаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 маҳрум гаштанд.

Кори футболбозони ҷавони туркман, ки дар гурӯҳи «К» (ҳамагӣ 3 даста буд) дар шаҳри Суракартаи Индонезия омад накард. Туркманҳо дар бозии аввал мунтахаби Тайванро бо ҳисоби 4:0 шикаст доданд, аммо дар бозии дувум 12-уми сентябр аз тими Индонезия бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрданд. Се имтиёз ба мунтахаби Туркманистон барои ба қисми ниҳоии мусобиқот баромадан камӣ кард.

Бояд гуфт, дар мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2024 ҳамагӣ 44 даста, ки ба 11 гурӯҳ тақсим шуда буд, ширкат дошт. Бозиҳо дар 11 кишвар баргузор шуданд. Ғолибони гурӯҳҳо, инчунин чаҳор дастаи беҳтарини ҷойҳои дувум ба марҳалаи ниҳоии мусобиқот роҳ пайдо намуданд.

Мунтахаби Қатар ба ҳайси мизбони Ҷоми Осиё-2024 ба марҳалаи ниҳоӣ, ки ҳамчун мусобиқоти интихобӣ ба Олимпиада-2024 дар Париж маҳсуб мешавад, мустақиман роҳ ёфт. Се дастаи ҷоизадори Ҷоми Осиё-2024 соҳиби роҳхат ба Олимпиада-2024 мешавад, ҳамчунин дастаи чаҳорум шонси дар плей-офф бозӣ карданро пайдо мекунад.

XS
SM
MD
LG