Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мардум дар бораи истиқлолият чӣ медонанд? ВИДЕО


Мардум дар бораи истиқлолият чӣ медонанд? ВИДЕО
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:00 0:00

Ҳамасола дар Тоҷикистон 9-уми сентябр ҳамчун Рӯзи Истиқлол таҷлил мешавад. 32 сол қабл дар ҳамин ин рӯз Тоҷикистон истиқлоли худро эълон кард.

Имсол ҳам мисли солҳои қабл Ҷашни Истиқлол дар Тоҷикистон бо ташкили чорабиниҳои фарҳангиву сиёсӣ ва сайругашт дар боғҳо таҷлил карданд.

Ба муносибати 32-солагии истиқлоли Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва Хоруғ гашти низомӣ баргузор шуд. Дар он беш аз 20 ҳазор ҳазор низомӣ ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ ширкат намуданд.

Эмомалӣ Раҳмон дар паёми табрикотии худ бахшида ба ин ҷашн, аз дастовардҳои замони истиқлол васф кард. Президенти тоҷикистон аз ҷумла гуфт, “Имрӯз аз таърихи пурифтихори давлати соҳибистиқлоламон дар зарфи 32 соли сипаришуда хуб мушоҳида мегардад, ки ин марҳала дар муқоиса бо таърихи босонии халқамон муҳлати чандон тулонӣ нест, вале бо миқёси корҳои дар ин мудат амалигардида камназир ба ҳисоб меравад.”

Тоҷикистон 9-уми сентябри соли 1991 истиқлоли худро эълон кард ва тақрибан пас аз соле ба гирдоби ҷанги дохилӣ фурӯ рафт, ки панҷ сол идома кард. Дар ин ҷанг, ки то соли 1997, замони имзои Созишномаи сулҳ, давом кард, 150 ҳазор сокини Тоҷикистон кушта ва наздики як миллион нафар бехонаву дар шуд.

Бархе аз сокинон ва ҳам мухолифон мегӯянд, дар замони истиқлол идораи кишвар дар дасти як нафар боқӣ монд, ки наздиконаш бахшҳои сердаромади иқтисодро ба даст гирифтанд, як бахши мардум солҳост дар муҳоҷират аст ва низоми мавҷуда озодии сокинонро маҳдуд ва озодандешонро саркӯб мекунад.

Хабарнигори “Озодӣ” дар хиёбонҳои Душанбе аз мардум пурсид, ки истиқлолият чист?

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG