Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси аломатгузории марзи Қирғизистону Узбекистон


Марзи Қирғизистон бо Узбекистон.
Марзи Қирғизистон бо Узбекистон.

Дар шаҳри Чолпон-Отаи вилояти Иссиқкӯли Қирғизистон рӯзҳои 13-19 август мулоқоти комисияи аломатгузории марзи Қирғизистону Узбекистон баргузор шуд.

Дар ин бора аз девони вазирони Қирғизистон хабар доданд.

Ҷонибҳо аломатгузории марзи ду кишварро баррасӣ кардаанд. Дар поёни мулоқот санад имзо шуд.

Девони вазирони Қирғизистон хабар надодааст, ки аломатгузорӣ кай шуруъ мешавад.

Қирғизистон бо Узбекистон 1314 км марзи муштарак дорад. Моҳи ноябри соли 2022 ин ду кишвар хабар доданд, ки дар масъалаи марз нукта гузоштаанд. Баҳси марзии ду кишвар бештар аз 30 сол боз идома карда буд. Ҷонибҳо ахиран 312 км марзи баҳсиро ҳал карданд.

Яке аз бандҳои созишнома - додани обанбори Кампиробод ба Узбекистон дар ивази заминҳои дигар дар Қирғизистон норозигиҳоро ба бор овард. Дар пайи ин норозигиҳо мақомоти Қирғизистон парванда боз ва наздики 30 сиёсатмадору фаъоли ҷамъиятиро боздошт карданд.

XS
SM
MD
LG