Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико иҷоза дод ба Украина F-16 бидиҳанд


Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина рӯзи душанбеи 21-уми август дар Дания гуфт, ки ваъдаи додани ҳавопаймоҳои ҷангии амрикоии F-16 боис шудааст бовар ҳосил кунанд, ки Украина метавонад ба ҳуҷуми Русия поён диҳад.

Дания ва Ҳоланд як рӯз пеш эълон карда буданд, ки ҳавопаймоҳои ҷангии F-16 ба Киев медиҳанд. Дар қадами аввал шаш фарванд аз ин ҷангандаҳо эҳтимолан аввалҳои соли оянда ба Украина интиқол дода шаванд. Вашингтон дар остонаи сафари Зеленский ба Копенгаген, ба фиристодани ин ҳавопаймоҳои ҷангӣ ба Украина розӣ шуд.

Зеленский хитоб ба ҳазорон нафар аз мардуме, ки дар рӯбарӯи порлумони Дания барои шунидани суханронии ӯ ҷамъ шуда буданд, гуфт, "мо имрӯз бовар дорем, ки Русия дар ин ҷанг шикаст хоҳад хӯрд".

Русия пеш аз ин ҳушдор дода буд, ки интиқоли ин ҳавопаймоҳои ҷангӣ ба Украина ҷангеро, ки акнун ҳудуди ҳаждаҳ моҳ аз оғози он мегузарад, тӯлонитар хоҳад кард.

Нерӯҳои Русия тақрибан аз панҷ як ҳиссаи қаламрави Украинаро ишғол кардаанд ва Киев ба мушкилӣ талош дорад онҳоро ба ақиб биронад.

Сафири Русия дар Дания дар баёнияе гуфт, "ин воқеият, ки Дания акнун тасмим гирифтаст ба Украина ҳавопаймои F-16 диҳад, боиси сахттар шудани ҷангҳо мешавад".

Артиши Украина мегӯяд, ки ҳавопаймоҳои ҷангии F-16 барои муваффақиятомез будани зиддиҳамлаҳое, ки он ба кундӣ пеш меравад, муҳим аст. Зеро монеи ҳамлаи ҳавопаймоҳои ҷангии русӣ ба нерӯҳои украинӣ мешавад.

Расонаҳои украинӣ ба нақл аз сухангӯи нерӯҳои ҳавоии ин кишвар навиштаанд, ки "бартарӣ дар ҳаво, калиди пирӯзӣ дар замин аст".

Дар ҳамин ҳол, вазири дифои Дания таъкид кардааст, ки Украина ҳавопаймоҳои ҷангии эҳдошударо танҳо дар дохили марзҳои худ бояд ба кор бибарад.

Вай рӯзи душанбе гуфт, "мо ба шарте ин аслиҳаро медиҳем, ки барои берун рондани душман аз хоки Украина ба кор бурда шавад, ва на фаротар аз он. Ин шарти мост, чӣ дар бораи тонк бошад, чӣ ҳавопаймои ҷангӣ".

Дания дар умум 19 фарванд ҳавопаймои ҷангӣ ба Украина хоҳад дод. Ҳоланд 42 фарванд ҳавопаймои F-16 дар ихтиёр дорад, аммо ҳанӯз дар бораи эҳдои ҳамаи онҳ тасмиме нагирифтааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG