Бо кӯмаки USAID ва дар ҳамкорӣ бо ширкати "Помир Энержӣ", дар ноҳияи баланкуҳи Мурғоб як нерӯгоҳи барқи офтобӣ ба фаъолият оғоз кардааст.
Дар маросими ифтитоҳи ин нерӯгоҳ Сафири Амрико дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер, мақомоти ҳукумати Тоҷикистон, масъулини USAID ва ширкати "Помир Энержӣ" иштирок кардаанд.
Иқтидори ин нерӯгоҳ дар Мурғоб, ки бо системаи батарея фаъолият мекунад, 1,2 МВт/соат, мебошад. Қаблан чунин система аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуд буд, ки иқтидори он аз 200 кВт то 800 кВт буд.
Ба иттилои Сафорати Амрико дар Душанбе, нерӯгоҳи барқи офтобии "Мурғоб" сокинони шаҳраки Мурғоб, маркази ин ноҳияи куҳистонро бо барқ таъмин мекунад.
Неругоҳи барқи офтобии Мурғоб нахустин тарҳест, ки аз ҷониби ширкатҳои энержӣ ва донорҳо роҳандозӣ мешавад.
Ноҳияи Мурғоб дар баландии 3600 метр аз сатҳ баҳр ҷойгир аст ва ба сабаби дур будан, ба шабакаҳои ҷумҳуриявӣ ва минтақавӣ пайваст нест.