Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳабси рӯзноманигори қазоқ Думан Муҳаммадкарим тамдид шуд


Думан Муҳаммадкарим, рӯзноманигори қазоқистонӣ.
Думан Муҳаммадкарим, рӯзноманигори қазоқистонӣ.

Додгоҳе дар шаҳри Алматои Қазоқистон муҳлати ҳабси пешакии рӯзноманигори қазоқистонӣ Думан Муҳаммадкаримро, ки бо гумони "сармоягузории экстремизм" ҳабс шудааст, ду моҳи дигар дароз кард. Дар ин бора вакили дифои рӯзноманигор Галим Нурпеисов 16-уми август хабар дод.

Пулиси Қазоқистон Муҳаммадкаримро 28 майи имсол боздошт ва 25 рӯз ҳабси маъмурӣ кард. Вале баъди ба поён расидани муҳлати ҳабси маъмурӣ, зидди вай бо гумони "сармоягузории экстремизм" айб эълом карда шуд.

Ҷонибдорони Думан Муҳаммадкарим, ки дирӯз бояд баъди адои ҳабси маъмурӣ озод мешуд, дар назди бинои пулис ҷамъ шуданд. Онҳо изҳори нигаронӣ карданд, ки кормандони пулис эҳтимол дорад, ӯро раҳо накунанд.

Муаллифи саҳифаи ND дар YouTube Думан Муҳаммадкарим барои вайрон кардани тартиби баргузории гирдиҳамоӣ ду бор ба ҳабси маъмурӣ гирифта шуд.

XS
SM
MD
LG