Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи президентӣ дар Узбекистон. Намоиши нофарҷоми демократия?


Шавкат Мирзиёев аз номи Ҳизби либерал-демократӣ номзад шудааст.
Шавкат Мирзиёев аз номи Ҳизби либерал-демократӣ номзад шудааст.

Рӯзи 9-уми июл овоздиҳӣ дар интихоботи президентӣ дар Узбекистон шуруъ шуд. Ройдиҳие, ки натиҷааш пешгӯишаванда аст.

Интихобот дар фазои рӯ ба равандҳои иқтидоргароёна ва бидуни ҳеч рӯхдодҳои сиёсии муҳим баргузор мешавад. Раисҷумҳури феълӣ Шавкат Мирзиёев, ки ин интихобот ба ибтикори ӯ мегузарад, дар меҳвар ва пешгоми он қарор дорад. Шояд ба ҳамин далел, интихобот мавриди бозтоби расонаҳои байнулмилалӣ қарор намегирад. Иттифоқан, қаблан Мирзиёев тақрибан танҳо чеҳраи ислоҳталаб дар миёни сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ муаррифӣ мешуд.

"Исёни идеяҳо" ва давр задани интиқод"

Шавкат Мирзиёев аз номи Ҳизби либерал-демократӣ номзад шудааст. Ӯ ба мардуми Узбекистон ваъдаи афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 160 миллиард доллар, ислоҳот дар муҳоҷирати корӣ, беҳбуди сохту сози маскан, дастрасӣ ба оби ошомиданӣ ва идомаи ислоҳоти сиёсӣ додааст.

Улуғбек Иноятов, раиси Ҳизби "мухолиф"-и халқӣ-демократӣ ва вазири пешини маорифи Узбекистон, Робахон Махмулова, муовини раиси Додгоҳи олӣ аз Ҳизби сотсиал демократии "Адолат" ва намояндаи Ҳизби экологӣ Абдушукур Ҳамзаев бо Мирзиёев вориди "рақобати интихоботӣ" шудаанд.

Ҳарчанд гуфтумон ва амалкардҳои қаблии Мирзиёев ҳамчун раиси ҷумҳур мавриди интиқоди рақибони сиёсиаш қарор намегиранд, коршиносон интихоботи 9-уми июлро бозгашти ошкор ба гузаштаи истибдодӣ унвон мекунанд, ки худи Мирзиёев онро интиқод мекард.

Узбекистони кӯҳнаи нав

"Ин интихоботҳо танҳо намоди ислоҳоти лафзии "Узбекистони нав" мебошанд. Вале, дар воқеъ, танҳо пасрафт ва бозгашт ба даврони каримовӣ аст",-мегӯяд сиёсатшинос Галия Иброҳимова.

Ба гуфтаи ӯ, Мирзиёев аз роҳи номашрӯъ ба қудрат расид, аммо мехоҳад аз Ислом Каримов мутафовит бошад ва шеваи нави роҳбариро ба намоиш гузорад, ки ба ӯ даст надод.

"Ӯ фазои хосе аз озодиро эҷод кард, ки ба мардуми Узбекистон рӯҳияи зиндагии нав бахшид. Аммо, дар маҷмӯъ, Мирзиев аз шеваҳо ва маҳоратҳои мустабидонаи даврони Ислом Каримов раҳо нашудааст",-мегӯяд сиёсатшинос.

Шавкат Мирзиёеви 66-сола дар умри сиёсии худ бори севвум дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ иштирок мекунад, ки 3,5 сол пештар аз замони худ баргузор мешавад. Ин натиҷаи ворид кардани ислоҳот ба Қонуни асосии Узбекистон, ки охири моҳи апрел қабул шуд.

Тибқи қонунгузории нав, муҳлати раёсати ҷумҳурии аз 5 ба 7 сол зиёд шуд. Шавкат Мирзиёев акнун метавонад то соли 2037 дар қудрат бимонад, ки то он замон синнаш ба 80 хоҳад расид.

Корзори интихоботии раёсати ҷумҳурии Узбекистон 10-уми майи соли ҷорӣ оғоз шуд ва сабти номи номзадҳо 6-уми июн анҷом ёфт. Далели баргузор кардани интихоботи зудҳангом дар Узбекистон "маслиҳати сиёсӣ", гуфта шуд. Аммо, коршиносон ин иқдомро талош барои пешгирӣ аз таҳдидҳои эҳтимолӣ дар ояндаи наздик гуфтанд.

Дастоварҳои зидду нақиз?

Крис Риклтон, шореҳи сиёсӣ дар матлаби худ барои Радиои Озодӣ таъкид мекунад, ки Узбекистон дар замони Мирзиёев тағйири ҷиддӣ кард. Ин коршинос ба арзёбии мусбати созмонҳои байналмилалӣ ба Мирзиёев барои поён додан ба кори иҷборӣ дар заминҳои пахта, озод кардани дигарандешони сиёсӣ, эҷоди фазои боз барои гузоришҳои интиқодӣ, пешбурди саёҳӣ ва раҳоӣ аз инзивоъ, ки дар даврони Ислом Кармимов падид омада буданд, ишора мекунад.

Аммо, ба гуфтаи ӯ, рухдодҳои Қароқалпоқистон шахсият ва чеҳраи ӯро хадшадор сохт.

Ба бовари рӯзноманигор аз Узбекистон Алексей Волосевич, дар даврони Мирзиёев ислоҳоти демократӣ мушоҳида нашуд, балки аз сӯи расонаҳои супоришӣ садо медод. "Мирзиёев тақрибан ҳамаи расонаҳои Узбекистонро харид. Онҳо дар мавриди ислоҳоти демократӣ ва бузург, ҳатто баъд аз рафтани ӯ баъди бист сол ҳам менависанд",-мегӯяд Волосевич.

Бо вуҷуди ин, ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ мегӯяд, ки интихобот ба шуури сиёсии мардуми Узбекистон асаре нахоҳад дошт. "Ба назар мерасад ин шуур тақрибан вуҷуд надорад. Танҳо шуури динӣ пурранг аст. Теъдоди онҳое, ки мехоҳанд чизеро тағйир бидиҳанд ва ба чизе бирасанд, хеле кам аст. Танҳо даҳо нафар, ки барои кишвари 35 миллионӣ чизе нест", - мегӯяд журналист.

Шавкат Мирзиёев соли 2016 дар натиҷаи интихоботи зудҳангом ва пас аз марги Ислом Каримов, ки аз соли 1989 дар раъси қудрат буд, зимоми сиёсатро дар Узбекистон ба даст гирифт. Ӯ моҳи октябри соли 2021 дубора раиси ҷумҳур интихоб шуда буд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG