Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пулиси Амрико ҷузъиёти марги ронандаи тоҷикро эълон кард


Илҳом Шодиев чанд сол боз бо ҳайси ронандаи мошини боркаш кор мекардааст.
Илҳом Шодиев чанд сол боз бо ҳайси ронандаи мошини боркаш кор мекардааст.

Як ронандаи тоҷики мошинҳои боркаш дар Амрико, ки дар роҳ ҳадафи тир қарор гирифт, дар шифохонае дар аёлати Калифорния ҷон бохтааст.

Пулис ҳуввияти ӯро ошкор кард ва аз ӯ Илҳом Шодиеви 37- сола сокини шаҳри Шарлоти аёлати Каролинаи шимолӣ ном мебаранд. Ӯ оиладор ва соҳиби ду фарзанди хурдсол будааст.

Кристи Паттерсон, сухангӯи шифохонаи Сан Хоакини Калифорния ба расонаҳо гуфтааст, Шодиев нисфирӯзии 16-уми июн даргузашт.

Ба гуфтаи пулис, Шодиев рӯзи 15-уми июн дар мошинаш молҳои ширкати азими “Амазон”-ро мебурд ва ин ҳангом эҳтимолан мусофири мошини сабукрави дигар ба самти ӯ тир кушодааст. Дар натиҷа мошин аз роҳ берун шуда, ба ду мошини сабукрави канори роҳ ва як бино бархӯрдааст.

Анвар Қурбонов, бародарзодаи Шодиев рӯзи 16-уми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ аз Амрико гуфт, ки пулис ҳанӯз сабаби тирандозиро мушахас накардааст ва ба наздикон танҳо ду фарзияро баён доштаанд:

“Кормандони пулис ҳоло ҳамаи ҷузъиётро ба мо нагуфтанд, чунки ҳанӯз қотилонро боздошт накардаанд. Тахминан ду фарзияро ба мо пешниҳод карданд. Фарзияи якум ин аст, ки эҳтимол шахси тирандоз ӯро (Шодиевро) ба каси дигар монанд карда, тир задааст. Фарзияи дуввум эҳтимол ҳангоми ҳаракат дар роҳ миёни мошини боркаши бародари мо ва он нафар ягон мушкили пеш омадааст.”

Ҳамсуҳбати мо гуфт, наздикон ҳанӯз ҷасади Шодиевро надидаанд, аммо ба гуфтаи табибон аз ду тир яке ба дасти чап ва дигар ба сари ӯ расидааст. Анвар Қурбонов гуфт, волидон ва бародарони Шодиев мехоҳанд, ҷасади ӯ ба Тоҷикистон интиқол дода шавад, то ӯро дар зодгоҳаш ноҳияи Шаҳритус дафн кунанд.

Илҳом Шодиев соли 2018 бо бурди корти сабз ба Амрико муҳоҷират кардааст ва ба ҳайси ронандаи мошини боркаш кор мекард. Ҳамсару ду ду фарзанд дошт. Тоҷикони муқими Амрико ҳоло бо муроҷиат ба хайрхоҳон аз тариқи пойгоҳи Gofundme, ба ҷамъоварии пул барои расонидани ёрии молӣ ба оилаи Илҳом Шодиев шурӯъ карданд.

Пулис ҳанӯз шахси тирандоз ва ё гумонбаронро пайдо накардааст. Пулиси роҳи Калифорния дар як изҳорот дар Твиттер аз рондагоне, ки рӯи 15-уми июн дар маҳалли ҳодиса ҳаракат мекарданд, хостааст, ки сабту наворҳои камераҳои мушоҳидавиашонро ба пулис ирсол кунанд. Дар Амрико теъдоди зиёде аз ҷавонони муҳоҷири тоҷик ба ҳайси ронандаи мошини боркаш кор мекунанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG