Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози даҳҳо тоҷир ба як қарори раиси Кӯлоб. ВИДЕО


Акс аз навори корбарон
Акс аз навори корбарон

Даҳҳо тоҷири бозори таҷҳизоти техникии “Лола” дар Кӯлоб ба зидди қарори раиси шаҳр эътироз баён карданд.

Раиси Кӯлоб рӯзи 16-уми май амр додааст, ки тоҷирон ин бозорро тарк кунанд. Намояндагони мақомот рӯзи 25-уми май кӯшиш кардаанд, онҳоро маҷбурӣ биронанд.

Ба дасти Радиои Озодӣ чанд навор расид, ки баҳси тоҷиронро бо намояндагони мақомот нишон медиҳад.

Тоҷир: "Барои моро задан омадед?"

Шахси низомипӯш: "Не, мо касеро назадем."

Тоҷир: "Навор гиред, дар Радиои Озодӣ бароред."

Беш аз сад соҳибкори бозори "Лола" дар номае гуфтаанд, ҷойи корашонро тарк нахоҳанд кард. Ин бозор аз охири солҳои Шӯравӣ дар Кӯлоб фаъол аст ва соҳибкорон мегӯянд, ҳеч зарурате ба кучонидани он нест. Дар наворе соҳибкорон аз намояндаи ҳукумат шарҳ талаб кардаанд.

Соҳибкор: "Моро маҷбурӣ бурда истодаед ё ихтиёрием?"

Намояндаи ҳукумат: "Дар маълумотнома навишта шудааст, ки маҷбурӣ?"

Соҳибкор: "Дар маълумотнома дигар гап буд, чаро ҳоло гапатон дигар шуд?"

Соҳибкорон мегӯянд, маълум нест, чаро раиси Кӯлоб пойфишорӣ дорад, ки онҳо ба дигар бозор кӯчанд. Дар ҳоле ки ба гуфтаашон имкони харидани ҷойро дар бозори нав надоранд.

“Ин чӣ гап аст, ки фақат ба “запчастбозор” мечаспанд. Аз ин ҷо ҳазор нафар нон мехӯрад,” – норозигӣ кардааст як соҳибкор дар наворе, ки ба дасти мо расид.

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар ҳукумати Кӯлоб гуфтанд, бозор ба талаботи шаҳрсозӣ мувофиқ нест ва истодани мошинҳо дар назди бозор ҳаракатро ба дохили шаҳр мушкил кардааст.

Манучеҳр Асозода, муовини раиси Кӯлоб, рӯзи 25-уми май гуфт, “шароити бозори нав беҳтар аст. Агар дар ин бозор аз 100 то 150 нафар ҷо шавад, дар бозори нав то 400 тоҷир метавонад савдо кунад.”

Бозори фурӯши таҷҳизоти техникии “Лола” аз як соҳибкори маҳаллист. Соҳиби бозори навбунёд маълум нест. Баъзе аз тоҷирон иддао мекунанд, ки он ба наздикони раиси шаҳр тааллуқ дорад. Дар ҳукумати Кӯлоб инро рад карданд.

Видеоро дар инҷо бинед:

Эътирози тоҷирони бозори "Лола" дар Кӯлоб
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:23 0:00

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG