Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як вакили порлумони Қирғизистон баъди занозанӣ дар тарабхона истеъфо дод


Жанибек Абиров
Жанибек Абиров

Жанибек Абиров, вакили порлумони Қирғизистон рӯзи 27-уми март аризаи истеъфояшро навишт. Дар ин бора аз Комисияи интихоботӣ ва раъйпурсии Қирғизистон хабар доданд.

Ба иттилои Комисия, ибтидо аризаи Абиров баррасӣ ва баъдан давоми ду моҳи оянда интихоботи миёндавраӣ таъйин хоҳад шуд.

Абиров низ дар саҳифаи фейсбукии худ рӯзи 27 март аз истеъфояш хабар дод. Вай гуфт, навиштани ариза ба занозаниаш дар тарабхона рабт дорад. Абиров навишт, баъди он ҳодиса вай "ҳаққи маънавии вакили порлумон буданро надорад".

Пештар расонаҳои Қирғизистон навори занозаниеро дар яке аз тарабхонаҳои шаҳри Бишкек бо иштироки Абиров нашр карданд. Ҷабрдида рӯзи 12 март ба пулис шикоят бурд. Абиров рӯзи 14 март иштирокашро дар занозанӣ тасдиқ кард.

Пулис ду гумонбари он занозаниро боздошт кард.

Додситонии кулли Қирғизистон аз порлумон хост, барои ба ҷавобгарии ҷиноӣ ҷалб кардани Абиров иҷозат диҳад.

XS
SM
MD
LG