Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Волкер Турк аз Қазоқистон хост, тазоҳуроти олуда ба хунро таҳқиқ кунад


Волкер Турк
Волкер Турк

Волкер Турк, комиссари олии ҳуқуқи башари Созмони Милал аз мақомоти Қазоқистон хостааст, шеваи хушунатомези пароканда кардани тазоҳуротеро ҳамаҷониба таҳқиқ кунанд, ки дар натиҷаи он 238 нафар аз ҷумла 19 маъмури пулис кушта шуданд. Ин тазоҳурот моҳи январи соли 2022 сурат гирифта буд.

Волкер Турк ҳамчунин аз раҳбарони Қазоқистон хостааст, тазоҳуроти олуда ба хун дар соли 2011 дар шаҳри Жанаозенро таҳқиқ кунад, ки бо тирандозии пулис ба суи занону мардони бесилоҳ ва марги 16 нафар анҷомид.

Намояндаи Созмони Милал дар ин бора рӯзи 17-уми март, пас аз мулоқот бо раиси ҷумҳур Қосимҷомарт Тоқаев ва ҳангоми нишасти хабарӣ дар шаҳри Остона сухан гуфт.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурии Қазоқистон ҳеч ишорае дар бораи суханони Волкер Турк накарда ва танҳо гуфтааст, ки ду тараф ҳамкориҳои муштарак ва риояти ҳуқуқи инсон дар кишварро баррасӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG