Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Овозхони шинохтаи Афғонистон ба ҳимоят аз занону духтарон садо баланд кард


Нағма Шаперай, овозхони шинохтаи Афғонистон ба ҳимоят аз занону духтарони кишвараш садо баланд кард. Ӯ мегӯяд, ки бинобар нақзи ҳуқуқи занон ва духтарони афғон, аз ҳар роҳе ки бошад, чӣ шеър ва чӣ оҳанг, садои худро баланд мекунад.

Хонум Нағма дар суҳбат ба бахши афғонистонии Радиои Озодӣ гуфт, "ин моро азоб медиҳад, ки дарвозаҳои мактабҳо ва донишгоҳҳо ба рӯи духтарон баста шудааст. Пас ман ҳам ҳамсадо бо занону духтарон ҳастам. Овози худро барои онҳо баланд мекунам, агар аз роҳи шеър, оҳанг ё ҳар навъ муборизаи дигаре бошад".

Ин овозхони шинохтаи Афғонистон мехоҳад садои худро ба ҷаҳониён бирасонд, то ҳамсадоие барои ҳимоят аз ҳуқуқи занон ва духтарони афғон сурат бигирад. Вай аз мақомоти Толибон мехоҳад, ки ҳама маҳдудиятҳои ҷоришуда бар занон ва духтарони афғонро бекор кунанд.

Ин дувумин оҳанги Нағма аст, ки дар он ба ҳимоят аз ҳуқуқи занон ва духтарони афғон садо баланд мекунад. Оҳанги нахустини Нағма, ки се моҳ пеш таҳия шуда, ба мушкилоти занону духтарони афғон бахшида шуда буд, бе мусиқӣ садо дод. Аммо оҳанги нави Нағма бо мусиқӣ садо медиҳад.

Хонум Нағма дар бораи оҳанги наваш мегӯяд, "мусиқии он дар Пешовари Покистон сохта шуда, оҳанг аз устод Алӣ Ҳайдар ва шеър аз Ҳорун Ҳакимӣ аст. Иншоаллоҳ, ки дарди ман ва шоир омезиш ёбанд ва як отифаро дар дили касоне ба вуҷуд биёрад, ки мактабҳоро ба рӯи духтарони мо бастаанд".

Хонум Нағма суруди нахусти худро дар мавриди маҳдудиятҳо ва чолишҳои занон ва духтарони афғон аз он сабаб бе мусиқӣ хонда буд, ки ба гуфтаи худаш, мақомҳои Толибон онро бишнаванд ва маҳдудиятҳои ҷоришударо бекор кунанд.

Ҳоло ҳам чунин дархосте аз Толибон дорад, аммо ба назар мерасад, ки ин бор аз Толибон ноумед шуда ва барои ҳамин хостори ҳимоят ва ҳамраъйии ҷаҳониён низ шудааст.

Гурӯҳи Толибон дар моҳи августи соли 2021 пас аз фирори президенти вақт Ашраф Ғанӣ вориди Кобул шуд ва қудратро ба даст гирифт. Ҳукумати онҳо то кунун аз сӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф нашудааст. Толибон бо расидан ба қудрат занонро аз кор ва духтаронро аз таҳсил манъ карданд. Ин амали Толибон боиси интиқодҳои байналмилалӣ шудааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG