Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаласаи пушти дарҳои баста. Кӣ танқид шунид? ВИДЕО


Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон
Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон

Ҷаласаи солонаи ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 24-уми январ паси дарҳои баста ва бе ҳузури хабарнигорони мустақил гузашт.

Тибқи иттилои дарёфтӣ, раиси ҷумҳур аз кори баъзе аз мансабдорон, аз ҷумла раиси Хадамоти алоқа Бег Сабур, танқид кардааст. Ба иттилои ҳамсуҳбатони огоҳи Радиои Озодӣ, норозигии Эмомалӣ Раҳмон аз сифати Интернет будааст.

Вай аз Хадамоти алоқа талаб кард, ҳамаи минтақаҳо ва махсусан ноҳияҳои дурдаст бо интернети баландсуръат таъмин карда шаванд. Дар моҳи декабри соли гузашта низ барои поин овардани нарх ва боло бурдани суръати интернет дар Тоҷикистон дастур шуда буд. Сокинон мегӯянд, сифати интернет дар кишвар дигар нашудааст.

Мақомот ситоиш карданд, вале...

Бахши асосии хабари расмӣ аз ҷаласа ситоиши кори мақомот дар соли гузашта аст. Ба мисли инки дар кишвар беш аз 21 миллиард киловат соат нерӯи барқ истеҳсол шуд ва он рақами баландтарин дар сӣ соли охир аст. Ин дар ҳолест, ки сокинон моҳҳо боз аз камбуди барқ ранҷ мекашанд. Ва бо вуҷуди дастури мақомот барои таъмини аҳолӣ бо барқ дар сармо, дар шабонарӯз ҳафт соат аз гармиву рӯшноӣ маҳруманд.

Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон

Сомонаи расмии президент навишт, Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ дар соли гузашта “ба 115,7 миллиард сомонӣ расид ва буҷети кишвар барзиёд иҷро гардид”. Муҳоҷирон ва хонаводаи онҳо мегӯянд, дар пайи ҳамлаи Русия ба Украина ва ҷорӣ шудани таҳримҳо, даромадашон камтар ва зиндагии онҳо мушкилтар гашт.

Сарфи назар аз тавсифи кори ҳукумат дар соли 2022, раиси ҷумҳур аз чанд масъала интиқод кардааст. Аз ҷумла, президент гуфтааст, содироти маҳсулот аз Тоҷикистон то ҳол дар сатҳи поин аст ва мақомот бояд чора биандешанд. Тибқи иттилои расмӣ, соли гузашта аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 5 милилард доллар маҳсулот оварда, дар иваз ҳамагӣ ба маблағи беш аз 2 миллиард доллар маҳсулот содирот кардаанд.

Аз Вазорати молия ҳам хоста шуд, ки масъалаи қарз аз маоши кормандони буҷетиро ҳал кунад. То моҳи декабри соли гузашта тақрибан беш аз 28 миллион миллион сомонӣ (2,8 миллион доллар) маоши кормандонро надодаанд.

Навор дар инҷост:

Дар ҷаласаи ҳукумат чӣ гуфтанду чӣ шуниданд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:52 0:00

Хабари дигар аз ҷаласаи ҳукумат, ки метавонад барои Тоҷикистон муҳим бошад, пайвастани кишвар ба Системаи умумии бартариҳо барои баровардани мол ба кишварҳои аврупоист. Ҳукумат солҳо боз талош дорад, ба ин низом пайваст шавад, аммо намояндагони Иттиҳоди Аврупо гуфтаанд, шартҳое доранд. Ҳуқуқи инсон яке аз ин шартҳост. Чизе, ки Тоҷикистон ҳамеша барои риоя накарданаш танқид мешунавад.

Чаро аз ҳодисаҳои муҳим нагуфтанд?

Акс аз хадамоти матбуоти президент
Акс аз хадамоти матбуоти президент

Дар гузориши расмӣ аз маҷлиси ҳукумат, ба ҷуз аз додситони кул, дар бораи ҳисоботи дигар роҳбарони ниҳодҳои қудратӣ чизе наомадааст. Дарёфти иттилои алтернативӣ аз дохили ҷаласаи ҳукумат феълан ғайриимкон аст ва, аз ин рӯ, маълум нест, ки роҳбарони ниҳодҳои қудратӣ дар бораи корашон дар соли гузашта чӣ гуфтанд ва чӣ шуниданд. Танҳо дар аксе, ки Хадамоти матбуоти президент нашр кард, дида мешавад, ки аксар роҳбарони бахши интизомии ҳукумат рост истодаанд.

Соли гузашта Тоҷикистон шоҳиди муноқишаи хунин дар марз бо Қирғизистон, эътирозҳо дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, боздошту зиндонӣ шудани даҳҳо нафар аз ин вилоят, ҳабси 7 хабарнигору блогер ва мушкили бебарқӣ буд. Дар хабаре, ки дафтари матбуоти президент нашр кард, дар бораи баррасии ин масъалаҳо чизе гуфта нашудааст.

Дар ҷаласаи васеъ раҳбарони ҳамаи шарҳу ноҳияҳо, вазорату ниҳодҳои давлатӣ, сарварони донишгоҳҳову бонкҳои кишвар ширкат доштанд. Тибқи иттилои дарёфтӣ, эҳтимол меравад, ки бо анҷоми ҷаласаи солонаи ҳукумат, баъзе тағийроти муҳими кадрӣ низ сурат бигирад.

Таҳлилгар: “Ҳоло як диктатураи холӣ аст.”

Брюс Паннир
Брюс Паннир

Брюс Паннир, таҳлилгари умури Осиёӣ Марказӣ, мегӯяд, “соли гузашта барои ҳукумати Тоҷикистон пурмушкил буд”. Ӯ афзуд: “Буҳрон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон буд. Мушкилӣ дар сарҳад бо Қирғизистон ва Афғонистон афзуд. Дар Тоҷикистон масоили амниятӣ торафт сангинтар мешавад. Ҷудо аз ин, мо медонем, ки дар пайи ҷанги Русия дар Украина дар Тоҷикистон нархи баъзе маҳсулот боло рафт. Масъалаи кори муҳоҷирон дар Русия ҳам вуҷуд дорад. Агар кор бошад, масъалаи аз Русия ба ҷанги зидди Украина бурдани муҳоҷирон пеш омад. Хулоса, мушкил воқеан ҳам зиёд аст ва вазъи кишвар аз дидгоҳи умури дохилӣ ва берунӣ мураккаб мемонад. Дар ояндаи наздик вазъ чӣ гуна мешавад, гуфтан душвор аст.”

Радиои Озодӣ: Ба назари Шумо, чаро дар чунин ҷаласаҳо суҳбат аз озодии баён ва озодиҳои дигари сиёсӣ намеравад?

Брюс Паннир: “Ҳоло ба ҳукумати Тоҷикистон ҳатто фикр кардан дар бораи озодиҳои сиёсӣ ва озодии баён шояд зиёновар бошад, чунки ҳукумат ҳеч гоҳ пуртарафдор набуд. Ҳама медонад, ки ин як ҳукумати фасодзадаи оилавӣ аст. Агар онҳо ба озодии баён ва озодии иродаи сиёсӣ иҷоза медоданд, маълум аст, ки дер намепоиданд. Тавре гуфтам, ҳоло дар Тоҷикистон мушкилоти ҳалталаб зиёд аст. Агар дар Тоҷикистон мардум ҳаққи баёни озоди андеша ва интихоби номзадҳои худро медоштанд, ҳукумат ҳамон замон дигар мешуд. Аз ин рӯ, онҳо на назари мардум ва на ҷомеаи байнулмилалиро шунидан намехоҳанд. Ҳоло як диктатураи холӣ аст.”

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG