Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рафиқ Нишонов - роҳбари пешини Узбекистон вафот кард


16964602
16964602

Рафик Нишонов - роҳбари пешини Узбекистон дар 97-солагӣ вафот кард. Вай дар замони шӯравӣ ҳамагӣ 1,5 сол Узбекистонро роҳбарӣ карда буд.

Пеш аз расидан ба роҳбарӣ вай дар мақомҳои гуногуни ҳизби коммунистӣ кор карда буд. Ҳамчунин дар Шри-Ланка, ҷазираҳои Малдив ва Урдун сафири СССР буд.

Соҳи январи соли 1988 котиби аввали Кумитаи марказии ҳизби коммунистии Узбекистон, амалан роҳбари Узбекистон шуд.

Нишонов баъдтар ба Москва рафт ва Шӯрои миллатҳо - яке аз ду табақаи Шӯрои олии СССР-ро роҳбарӣ кард. Шӯрои миллатҳо барои ҳифзи СССР таъсис шуда буд, аммо Иттиҳоди Шӯравӣ фурӯ рехт. Нишонов баъди он ба нафақа баромад ва дар Москва зиндагӣ мекард.

XS
SM
MD
LG