Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВКД гуфт, муҳлати сабти дубораи симкортҳо ба поён мерасад


Соли 2018 садҳо нафар барои сабти симкортҳо пушти бахшҳои ширкатҳои мобилӣ навбат истода буданд.
Соли 2018 садҳо нафар барои сабти симкортҳо пушти бахшҳои ширкатҳои мобилӣ навбат истода буданд.

15-уми феврал муҳлати тамдидшудаи сабтиноми симкортҳо бо шиносномаи нав (пластикӣ) ба поён мерасад.

Мақомоти Тоҷикистон бо як эълон сокинонро огоҳ кардаанд, ки симкортҳои худро фавран бо шиносномаи нав сабти ном кунанд.

Соли гузашта бо қабули як қарор ҳукумати Тоҷикистон муҳлати сабти дубораи симкортҳоро то 15-уми феврали соли 2023 дароз карда буд. Дар эълони Вазорати корҳои дохилӣ, ки рӯзи 5 -уми январ нашр шуд, ба афроде, ки симкортҳояшон бо шиносномаи намунаи соли 1996 сабт шудааст, таъкид шудааст, ки "таъҷилан шиносномаро иваз ва симкортро дубора сабтином кунанд."

Мақомот гуфта буданд, ки тақрибан ду миллион ё ҳудуди 40 дар сади муштариёни ширкатҳои мобилӣ симкортҳои худро бо шиносномаи нав сабти ном накардаанд. Агар муҳлат тамдид намешуд, имкон дошт, онҳо аз симкорт маҳрум шаванд. Тасмими сабти номи дубораи симкортҳо соли 2019 гирифта шуд ва анбӯҳи зиёди одамонро дар назди идораҳои шиносномадиҳӣ ҷамъ оварда, танқидҳои зиёдеро дар пай дошт. Сокинон ва мунтақидон онро харҷи изофӣ ва саргардонӣ барои аҳолӣ номиданд, вале мақомот онро барои тақвияти чораҳои амниятӣ муҳим шумурданд.

Дар ин чанд сол сокинон ба пуррагӣ натавонистанд дар замони таъиншуда симкорташонро дубора сабти ном кунанд ва мақомот аз соли 2018 ба ин сӯ чанд бор боз муҳлати иҷрои ин қарорро дароз мекунанд.

XS
SM
MD
LG