Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумат аз таъсиси "ҳазорҳо ҷойи кор" хабар дод


Ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон. Акс аз сомонаи Президент.
Ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон. Акс аз сомонаи Президент.

Ҳукумати Тоҷикстон як барномаи давлатии рушди саноати сабукро ҷамъбаст карда, гуфтааст, ки бар асоси ин барнома дар кишвар 245 корхонаву коргоҳ сохтаанд ва тақрибан 4 ҳазор нафарро бо ҷойи кор таъмин кардаанд.

Дар ҷаласаи ҳукумат, ки рӯзи 29-уми ноябр таҳти раҳбарии раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтааст, гуфтаанд, бар асоси Барномаи рушди саноати сабук аз соли 2018-2022 истеҳсоли маҳсулот дар чаҳор сол аз 2,7 млрд сомонӣ ба бештар 4 миллиард сомонӣ расидааст. Ин нишондод 1,5 маротиба бештар аз соли гузашта будааст. Дар ҷаласа бештар дар бораи истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ гуфтаанд.

Мақомоти Тоҷикистонро гоҳо ба барзиёд нишон додани омор ва гоҳо сохтакорӣ дар ифтитоҳи корхонаҳо дар ҳузури раиси ҷумҳур танқид мекунанд.

Роҳандозии барномаи давлатии рушди саноату эълони соли рушди ин соҳа дар бархе минтақаҳо дар ҳолест, ки соҳибкорони тоҷик аз фишори зиёд ва монеаҳои дар рушди тиҷораташонро шикоят мекунанд.

XS
SM
MD
LG